Тафсири Сураи Анъом – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи «Анъом» дар Макка нозил шуда аз 165 оят иборат аст.
Сураи «Анъом» яке аз дарозтарин сураҳои дар Макка нозилшуда буда, меҳвари асосии ин сура атрофи ақида ва аслҳои имон давр мезанад. Бо ривояте 6 ояти он дар Мадина нозил шудааст. «Анъом» чаҳорпоро гӯянд, ки дар оятҳои 138-139-уми ҳамин сура зикри онҳо мегузарад ва номи сура аз ҳамин ҷо гирифта шудааст. Сураи мазкур бо тамоми оятҳои худ дар як шаб нозил шуд. Пайғамбар (с) дарҳол онро аз ёд намуд ва котибонро фармуд, то онро нависанд. Бо ривояти Ибни Аббос (р) ва бани Язид (р) шабе, ки сураи мазкур нозил шуд, Расуллуллоҳ (с) болои маркабашон буданд. Аз ин ба маркаб чунон вазнине расид, ки гӯё устухонҳои он мешикастанд.
Имом Табаронӣ аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят мекунанд, ки шабе, ки сураи мазкур нозил шуд, 70 ҳазор фаришта бо бонги тасбеҳу таҳлил онро ҳамроҳӣ мекарданд. Аз чунин далелҳо маълум мешавад, ки масъалаҳои дар ин сура матраҳшуда аҳамияти бузург доранд. Яъне дар ин сура аз ягонагии Аллоҳтаъоло, аз сазовори ибодат будани Ӯ таъоло, тарбияткунандаи ҳамаи оламҳо ва ризқдиҳандаву ҳукмкунанда будани Аллоҳ таъоло ва амсоли ин гуна ақидаҳо баён мешаванд. Дар баробари ин аз адл, нубувват, миъод, (охират) ботил будани мазҳаби мубтилин (ботилгароён) ва мулҳидин (инкоркунандагони мавҷудияти Худо) низ сухан меравад.
Дар саромади ақидаи исломӣ масъалаи тавҳид (яктопарастӣ) ҷойгир аст. Расуллулоҳ (с) дар ин ҷода тайи 13 сол заҳмат кашиданд. Зеро дар ҳаёт ҳар коре, ки инсон мекунад, бо ақидаву тавҳид асоснок набошад, ботил аст. Ҳатто иқтисод, сиёсат, ахлоқ, одоб, адолати иҷтимоӣ беақидаи комил ва орӣ аз ботил ба муваффақияти том ноил намегардад. Аз ҳамин сабаб оятҳои Қуръони карим тайи 13 соли давраҳои аввал маҳз ҳамин масъалаи муҳимро таълим медоданд. Яъне панд аз он медоданд, ки ақидаи инсон нисбати Аллоҳ бояд чи гуна бошад, барои бандаи ростину ҳақиқии Холиқи худ будан чӣ корҳоеро бояд анҷом диҳад ва монанди ин. Дар оятҳои аввали ин сура ботил будани ибодати мушрикон, ки чандин навъи бутҳоро мепарастанд, ошкоро баён мешавад. Дар ин сура ба Расулуллоҳ (с) 44 маротиба калимаи амрии «Бигӯ» амр шуда аст. Ҳатто дар баъзе оятҳо 4 маротиба ба такрор омадани он ба мушоҳида мерасад. Дар оятҳои ин сура аз бохабар будани мушрикон, аз он ки Қуръон мисли дигар китобҳои осмонӣ сухани Аллоҳ аст ва инро инкор кардани онҳо ва ҳамчунин аз зулми бузург будани ширк ва аҳволи мушрикон дар Қиёмат сухан меравад. Баъдан барои тасаллии Расулуллоҳ (с), то ин ки аз корҳои мушрикон руҳафтода нашавад, аз саргузашти пайғамбарони гузашта мисолҳо оварда мешавад. Дар охир масъалаи марбути ҳайвонҳои ҳалол ва ҳаром матраҳ мегардад.
Дар сурати бо диққати тамом мавриди мутолиа қарор додани оятҳои ин сура инсон метавонад нифоқ ва парокандагиро аз байни мусулмонон барчинад, зеро оятҳои ин сура гӯшҳоро шунаво ва чашмҳоро биною дилҳоро доно месозад. Сабаби нузули сураи мазкурро чунин ривоят кардаанд, ки мушрикҳои Макка гуфтанд: “Ай Муҳаммад, то китоберо аз назди Аллоҳ наёрӣ ва ҳамроҳи он чаҳор фаришта набошад ва то онҳо шоҳидӣ надиҳанд, ки ин китоб аз назди Худост ва ту расули Ӯ ҳастӣ, мо ба ту имон намеорем.” Ояти 7-уми сураи мавриди назар посухи даъвои ин мушрикон аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «