Тафсири Сураи Анъом Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки бе андоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَجَعَلَ الظُّلُمَاتِ وَالنُّورَ ۖ ثُمَّ الَّذِينَ كَفَرُوا بِرَبِّهِمْ يَعْدِلُونَ ١
Ал-ҳамду лиллаҳи-л-лазӣ халақа-с-самавати ва-л арза ва ҷаъала-з-зулумати ва-н-нур. сумма-л-лазӣна кафару би Раббиҳим яъдилун. 1.
1. Ҳама ситоишҳо аз они Худоест, ки осмонҳо ва Заминро офарид ва торикиҳо ва равшаниро пайдо кард, боз касоне ки кофир шуданд, ба Парвардигори худ (чизеро) баробар мекунанд.
Аллоҳтаъоло барои таълими бандагони Худ сураи мазкурро бо калимаи ҳамд (ситоиш, шукрона), чун сураи «Фотиҳа» бо калимае, ки ҳама намуди таъзиму бузургдорӣ дар он ҷамъ аст, ибтидо намуд, то онҳо бо ин калима Аллоҳро ҳамд гӯянд ва ба гуфтани ин калима эълом доранд, ки ҷамиъи ҳамди ҳамдгӯёнро фақат Аллоҳтаъоло ҳақбар аст. Инчунин эълом намоянд, ки Ӯ таъолоро зидде, шарике, мислу монанде нест, ки аз ин намуд ҳамди ҳамдгӯён ҳақбар бошад. Ҳамчунин сураи «Фотиҳа», сураи «Каҳф», сураи «Сабо», сураи «Фотир» бо калимаи «Алҳамду» ибтидо мешаванд. Яъне ҳамду сипос гӯед Парвардигоратонро ки бо чандин навъи неъматҳо шуморо фазл бахшиду икром намуд. Ӯ чунон Худоест, ки бо тамоми аҷоибот осмонҳо ва Заминро офарид, ки ақлу фикри инсонро ҳайратзада мегардонад. Ҳамчунин ҳамд гӯед он Худоеро, ки барои шумо торикӣ ва рӯшноиро, (ё торикиҳои куфр ва нури имон)-ро офарид. Яъне Аллоҳтаъоло чунин Зотест, ки тавонист рӯзу шабро пайи ҳам офарад. Зеро дар пайи ҳам омадани онҳо фоидаҳое, ки фикри инсон онҳоро иҳота карда наметавонад, бисёр аст. Дар шакли ҷамъ омадани калимаи (зулумот) ба он хотир аст, ки шохаҳои зулумот (куфру нифоқ ва гумроҳӣ) бисёр аст. Аммо дар шакли танҳо омадани, калимаи (нур) барои он аст, ки масдари нуру ҳидоят як аст. Яъне нуроникунандаи оламҳо Арраҳмон аст. Мутаассифона, бо дидани ин қадар махлуқоти аҷиб ва ҳуҷҷату нишонаҳое, ки ба ваҳдонияти Аллоҳтаъоло далолат мекунанд, кофирон ба ҷойи он, ки Аллоҳи ягонаро парастиш кунанд, носипосӣ намуда, маъбудони ботилро, ки ба ҳеҷ коре қодир нестанд, ба Аллоҳ баробар мекунанду шарик меҳисобанд. Оё ин ҳамоқат нест? Оре! Як навъи кофирон, ки маҷусӣ (оташпараст)-анд, онҳо барои офариниши олам ду офаридгор қарор додаанд.
Яъне онҳо мегӯянд: Аҳурамаздо (номи худои худбофти маҷусиён) офарандаи корҳои хайр аст ва Аҳриман офарандаи корҳои бад. Онҳо нурро хоҳ рӯшноии Офтоб бошад ё рӯшноии оташ мепарастанд. Онҳо инчунин мегӯянд, ки ҳама некиҳо аз нур аст ва ҳама бадиҳо аз торикӣ.
Хулоса, мушрикони Ҳинд, мушрикони Араб, насрониҳо ва ғайра Худоро ду ё се нафар мегӯянд ё махлуқеро дар баробари Аллоҳ шарик ёвар ва баробар медонанд. Мушрикон агарчи Худоро якка гӯянд ҳам, бо сабаби ба Худо чизеро шарик ҳисобидан аз шумораи муъминон нестанд.
Нахустояти ин сура чун инсонро мутаваҷеҳ ба махлуқоти кубро (бузург) мисли Осмону Замин, торикӣ ва рушноӣ намуд, маълум мешавад, ки бояд пояҳои тавҳид (яктопарастӣ) дар дили инсони муваҳҳид мустаҳкам бошанд. Ояти баъдӣ таваҷҷуҳи инсонро ба сӯйи олами суғро (хурд) кашида, ба тааҷҷубовартарин мисол (яъне офариниши инсон аз гил) ишора мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «