Армандо Маркай – пешхизмате, ки чеки 424 ҳазор доллараи мизоҷашро баргардондааст

0

«Дар дунё ҳоло ҳам одамони поквиҷдон ҳастанд», – бо хурсандӣ мегӯяд, собиқ ходими хадамоти таъминоти иҷтимоӣ аз шаҳри Мюнхен.

Гап сари он аст, ки чанде қабл пешхизмати питсерияи «Patsy’s» – и ин шаҳр, донишҷӯи 27 – сола Армандо Маркай, ҳангоми ба тартиб овардани миз лифофаеро рӯи он дид. Аввал фикр кард, ки мизоҷи навбатиаш ба ӯ чойпулӣ мондааст. Аммо ҳангоме ки ба лифофа назар намуд, ҳуш аз сараш парид. Дар он чеки бонкӣ ба маблағи 424 ҳазор доллар буд.

Маркай дар ҷустуҷӯи соҳиби чек шуд, вале ӯро наёфт. Бо маслиҳати соҳиби питсерия дар бораи бозёфташ ба нашрияи маҳаллӣ ва радиои шаҳрӣ хабар дод.

Пас аз чанде зани 79 – солае ба суроғи чек омад. Маълум гардид, ки ин маблағ пасандози якумраи ӯ будааст. Баъди гирифтани чек зан аз пешхизмат барои чойпулӣ намонданаш узр пурсида, ба вай як миқдор маблағ пешниҳод намуд. Аммо, Армандо Маркайи акнун дар шаҳр машҳуршуда ин илтифоти пиразанро напазируфт.

Григорий Перелман олиме, ки аз 1 миллион доллар даст кашид

Мақолаи қаблӣТоҷикистон
Мақолаи баъдӣШоми шанбе

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед