Тафсири Сураи Аъроф Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аъроф Ояти 2
كِتَابٌ أُنْزِلَ إِلَيْكَ فَلَا يَكُنْ فِي صَدْرِكَ حَرَجٌ مِنْهُ لِتُنْذِرَ بِهِ وَذِكْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ ٢
Китабун унзила илайка фа ла якун фӣ садрика ҳараҷу-м минҳу ли тунзира биҳӣ ва зикро лил муъминӣн. 2.
2. Ин Китобе аст, ки бар ту фуруд оварда шуд. Пас, бояд дар синаи ту аз расонидани он ҳеҷ тангӣ набошад, то ба он мардумро тарсонӣ ва барои муъминон насиҳат бошад.
Аллоҳи таъоло барои Расули Худ, Муҳаммад (с), чуноне ки дар ояти дувуми сураи “Бақара” гузашт, бузургии Қуръонро баён намуда, фармудааст, ки ин Қуръон китобест бузург, мақсадҳои шаръиро чи мӯҳкам бошанду чи муфассал ва ҳар он чи ки бандагон ба он мӯҳтоҷанд, дарбар гирифтааст. Зеро он аз тарафи Аллоҳи Ҳакиму Ҳамид ба сӯйи ту фиристода шудааст. Он росттарини суханҳо буда, пеш аз он ва баъд аз он ягон сухани ботиле намеояд. Аз бими он, ки мардум ба ту дар расонидани ҳукмҳои он озор мерасонанду ба гуфтаҳои ту бовар надоранд, дилтанг машав, мутмаин бош! Аз ягон маломати маломаткунанда хавф набар, зеро Худои азза ва ҷалла нигаҳбону ёвари туст. Дигар ин, ки ба василаи он мардумро аз оқибати шуми афкору аъмолашон ҳушдор деҳ ва муъминҳоро мавъиза куну ба ёдашон зикри Худоро биёр. Зеро ёди Парвардигор муъминонро панд меомӯзад ва онҳоро ба сӯйи он чи, ки шоистаи тоъати Ӯ аст, роҳнамо мешавад. Чунин мазмун дар ояти 55-уми сураи “Зориёт” омада, таъкидан фармудааст, ки “Панд деҳ ҳар ойина, панд додан суд медиҳад муъминонро.”
Ба як нуқта бояд таваҷҷуҳ намуд, ки чаро инзор “бим деҳ” ба таври умум истеъмол шудаасту тазаккур “панд додан” махсуси муъминон шудааст? Ин ба хотири он аст, ки дар ҳама ҳол даъват ба сӯйи роҳи ҳақ ва мубориза алайҳи гумроҳӣ ба таври умум анҷом дода мешавад, вале аз ин биму насиҳатҳо шахсе истифода мекунад, ки ӯ аз ҷумлаи имоновардагон аст ва ӯ худро барои шунидану баҳра бардоштан чунон омода сохтааст, ки баробари шунидани сухани ҳақ ҳамеша ба ҳукми он таслим мешавад ва Қуръонро барои худ чун мояи ҳидоят қабул намудааст.
Ояти зер тамоми мардумро ба итоъати Қуръон амр кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «