Сураи Аъроф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аъроф Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аъроф Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

الٓمٓصٓ ١

Алиф, Ламм, Мим, Сод. 1.

1. Алиф, Лом, Мим, Сод. (маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад.)

Ояти якуми ин сура, чуноне ки дар шарҳи аввали сураи «Бақара» ва «Оли Имрон» гузашт, аз ҷумлаи оятҳои муташобеҳ (сир) буда, маънои асосии онҳоро танҳо Аллоҳтаъоло медонад. Ба ҳар тақдир баъзе аз муфассирон ин гуна оятҳоро, ки эъҷози Қуръонӣ номида шудаанд, тафсир кардаанд, ки чандон зиддияте ба мазмуни ин оят надорад. Масалан баъзе аз онҳо «Алиф, лом, мим, сод»-ро чун Аналлоҳул муқтадирус-содиқ тафсир кардаанд. Баъзе аз онҳо бо ривояти Ибни Аббос (р) мурод аз «Алиф»-ро мифтоҳи исми Аллоҳ, «Лом»-ро мифтоҳи исми Латиф, «Мим»-ро мифтоҳи исми Маҷид ва «Сод»-ро мифтоҳи исми Содиқ донистаанд.

Хулоса, овардани ин гуна ҳарфҳои муқаттаъа (аз ҳам ҷудо) дар ибтидои баъзе аз сураҳои Қуръонӣ барои оҷиз гардонидани фасеҳтарин ва суханвартарин мушрикони ҳамондавраи араб аст. Қуръон агарчӣ аз ин ҳарфҳои ба онҳо ошно мураттаб шуда бошад ҳам, локин онҳо бо истифода аз ин ҳарфҳо дар эҷоди китобе, ки мисли Қуръон бошад, оҷизанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аъроф – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аъроф Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)