Сураи аз-Зориёт Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 10

قُتِلَ الۡخَـرّٰصُوۡنَۙ ١٠

Қутила-л харрасун. 10.

10. Лаънат карда шуд бар шаккоконе, ки бар ваъдаву ваъиди Ҳақ таъоло шак мекунанду дуруғ меҳисобанд,

Албатта, кори динро бо тахмин пеш бурда, аз далелҳои қатъӣ рӯй гардонида намешавад. Аз ин ҷост, ки Худованд фармудааст, ки лаънат карда шавад дурӯғгӯёнро, ки мегӯянд: «Муҳаммад (с) сеҳргар, шоир, ҷодугар, фолбин аст». Лаънате, ки аз ҷониби Аллоҳ таъоло зикр мегардад ё ҳукм мешавад, ба маънои ҳалок аст. Бинобар ин, дар шаъни пайғамбари Аллоҳ аз рӯйи тахмину фарзияҳо, бе далелҳои қатъӣ набояд сухан ронд.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)