5 факти ҷолиб дар бораи офтоб

1

1. Вазни Офтоб ҳар сония 4 миллион тонна кам мешавад, ки бинобар ниҳоят бузург буданаш он қадар бисёр нест. Бо ин суръат дар 160 миллиард сол ҳамагӣ 1 дарсади вазнашро талаф медиҳад.


2. Агар фарз кунем, ки одам ба Офтоб фуруд омад, аз қувваи ҷозиба вазнаш дар муқоиса бо Замин 28 маротиба зиёд мешавад.


3. Дар сурати 40 дарсад афзудани дурахши Офтоб тамоми моеъҳои рӯи Замин бухор мегарданд. Олимон ҳадс мезананд, ки пас аз 1,1 миллиард сол Офтоб 10 дарсад дурахшонтар хоҳад шуд.


4. Кулли ҷирмҳои низоми офтобӣ, бавижа ҷирмҳои хурд тадриҷан ҷониби Офтоб кашида мешаванд. Дар ниҳоят, Офтоб, ки ҳазорсолаҳо ба Замин ҳаёт мебахшад, сайёраи моро низ фурӯ мебарад.


5. Нури Офтоб ба Замин дар муддати 8,3 дақиқа мерасад. Дар ин муддат он 149,6 миллион километрро тай мекунад.


Сарчашма:  рӯзномаи “Ҷумҳурият”  (таҳияи Хуршеди  ҶОВИД)


дар бораи офтоб, бо забони точики, дониш су, суйи дониш, Сӯйи ДОНИШ, donish su, sui donish, donish.su.

Мақолаи қаблӣРоҳкориҳо барои муваффақ шудан
Мақолаи баъдӣМагар Месси мусалмон аст?

1 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед