Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 12
يَسۡـَٔــلُوۡنَ اَيَّانَ يَوۡمُ الدِّيۡنِؕ ١٢
Яс-алуна аййана явму-д-дӣн. 12.
12. (Бо истеҳзо) мепурсанд: «Рӯзи ҷазо (Қиёмат) кай хоҳад буд?»,
Ин гуна афрод аз рӯйи ғафлатзадагӣ ё ба хотири истеҳзо ҳар лаҳза мепурсанд, ки он рӯзи ҳисобу ҷазо кай меояд? Чаро ин қадар дер меояд? Инчунин дигар саволҳои ба инҳо монандро медиҳанд. Оё он ҷоҳилон нафаҳмиданд, ки баъди мурдан дар гӯр барои онҳо охират (азоб) сар мезанад? Аллоҳ таъоло дар ояти зер ҷавоби ин пурсишҳоро чунин додааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «