Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 27
فَقَرَّبَهٗۤ اِلَيۡهِمۡ قَالَ اَلَا تَاۡكُلُوۡنَ ٢٧
Фа қаррабаҳу илайҳим қола ала таъкулун. 27.
27. Пас, онро ба онҳо наздик сохт (чун дид, ки меҳмонон намехӯранд) гуфт: «Чаро намехӯред?».
Аз мазмуни ин ояти карима чунин бармеояд, ки ҳазрати Иброҳим (а) бисёр меҳмондӯст буд. Бубинед, чун меҳмонҳои ношинос вориди кулбаи ӯ шуданд, бе ҳеҷ як истиҳола гӯсолаеро забҳ карда, бирён намуд ва оварда, назди онҳо гузошт. Ин аз саховати он ҳазрат (а) далолат мекунад.
Аллоҳ таъоло зимни мазмуни ин оятҳо ба муъминон бо як зебоӣ ва нозукӣ аз одоби меҳмондорӣ таълим додааст.
Албатта, одоби волои меҳмондорӣ ин аст, ки соҳибхона меҳмон омадан замон ба густурдани дастархону овардани таъом пардозад ва аз нақшаи худ меҳмонро огоҳ насозад. Зеро мешавад, ки бисёре аз меҳмонҳо ба хотири дар ташвиши зиёда нагузоштан, таъом овардани соҳибхонаро манъ менамоянд. Бубинед, ҳазрати Иброҳим (а) меҳмононашро нагуфт, ки шумо андаке шинед, ман барои шумо таъом хоҳам овард. Балки беҳтарин таъомро ба табақ гузошта, назди меҳмонаш гузошт. Чун дид, ки онҳо таъом намехӯранд, табақро пештар гузошт ва бо камоли эҳтирому сухани шоиста ба онҳо гуфт: «Чаро намехӯред?». Онҳо фаришта буданду таъом намехӯрданд. Он ҳазрат (а) инро пай набурда, хавотир шуд, зеро қоида ҳамин аст, ки чун меҳмон аз соҳиби хона ранҷида ва ё норозӣ бошад, аз хӯрдани таъом худдорӣ менамояд.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «