Сураи аз-Зориёт Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 28

فَاَوۡجَسَ مِنۡهُمۡ خِيۡفَةً ‌ؕ قَالُوۡا لَا تَخَفۡ‌ ؕ وَبَشَّرُوۡهُ بِغُلٰمٍ عَلِيۡمٍ ٢٨

Фа авҷаса минҳум хӣфаҳ. Қолу ла тахаф. Ва башшаруҳу би ғуламин ъалӣм. 28.

28. Пас, дар дили худ аз онҳо тарсе ёфт. Гуфтанд: «Матарс!». Ва ӯро ба писари доно мужда доданд.

Ҳазрати Иброҳим (а) аз таъом нахӯрдани меҳмонҳо хафв бурд, ки мабодо ранҷида бошанд. Дар ин асно фариштагон вазъияти ногувори ӯро пай бурда, гуфтанд, ки ту матарс, мо фиристодагони (фариштагони) Худоем ва бароят башорат ва мужда овардем, ки Аллоҳ таъоло ба ту фарзанди оқилу доно ато мекунад.

Ин суханҳоро завҷаи он ҳазрат (а) шунид.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)