Сураи аз-Зориёт Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 43

وَفِىۡ ثَمُوۡدَ اِذۡ قِيۡلَ لَهُمۡ تَمَتَّعُوۡا حَتّٰى حِيۡنٍ ٤٣

Ва фӣ Самуда из қӣла лаҳум таматтаъу ҳатта ҳӣн. 43.

43. Ва дар (қиссаи) Самуд, чун барои онҳо гуфта шуд, то муддате баҳра гиред, нишона (ибрат)-е ҳаст.

Барои ибрати аҳли эътибор, дар ҳалоки қавми Самуд низ нишонаҳо вуҷуд дорад. Вақто ки мардуми сангдил аз ҳазрати Солеҳ (а) муъҷиза талаб намуданд, он ҳазрат (а) бо розигии Аллоҳ, тибқи дархости онҳо шутурро аз санг берун оварду ба онҳо гуфт, ки ба ин шутур зарар нарасонед!. Вале он бадбахтон ба амри Расули Аллоҳ гӯш накарда, шутурро куштанд. Ҳазрати Солеҳ (а) ба онҳо гуфтанд, ки шумо аз ин дунё муваққатан фурсати каме бархӯрдор шуда, то муддате айш кунед.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)