Сураи аз-Зориёт Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 42

مَا تَذَرُ مِنۡ شَىۡءٍ اَتَتۡ عَلَيۡهِ اِلَّا جَعَلَتۡهُ كَالرَّمِيۡمِؕ ٤٢

Ма тазару мин шай-ин атат ъалайҳи илла ҷаъалатҳу ка-р-рамӣм. 42.

42. (Он шамол) Ҳеҷ чизеро, ки бар он бигузашт, нагузошт, магар ин ки онро монанди устухони пӯсида гардонид.

Фарди соҳибақл аз амиқ таҳқиқ кардани қиссаи дигаре, ки дар китоби Аллоҳ дарҷ гардидааст, яъне аз мутолиъаи қиссаи қавми Од баҳра хоҳад ёфт, ки он низ нишонаву ибрати хосси худро барои шунаванда дорад. Аллоҳ таъоло барои ба азоб гирифтор кардани ин қавм боди дабур (боди бе борон), бодеро, ки дар он барои заминиён ба ғайри зиён ҳеҷ манфиате нест, равон намуд. Ин бод дар диёри ин қавм чунон бо шиддат ва бо суръати баланд вазидан гирифт, ки ҳеҷ ашё бар ҳоли аслии худ барқарору боқӣ намонд. Ин бод ҳашт рӯз пай дар пай вазид. Кофирони саркашро ҳалок, биноҳоро хароб ва дарахтонро решагардон намуд. Баъди вазидани бод онҳо устухонҳои пӯсида ва коҳи кӯбидаро мемонданд.

Хотиррасон мекунем, ки қавми Од низ бар асари аз амри Аллоҳ таъоло ва Расули Ӯ саркашиашон ба чунин офат гирифтор гардиданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)