Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 48
وَالۡاَرۡضَ فَرَشۡنٰهَا فَنِعۡمَ الۡمٰهِدُوۡنَ ٤٨
Ва-л-арЗа фарашнаҳа фа ниъма-л-маҳидун. 48.
48. Ва Заминро густаронидем, пас, (бисёр) некӯ густаронандаем.
Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки Заминро накӯ густурдаем, яъне барои зиндагии кулли махлуқот, аз ҷумла инсонҳо бисёр мувофиқу мутобиқ ва мусоид гардонидем. Дар ин ҷо калимаи «густуронида» ба маънои зидди куррашаклии Замин нест. Замин аслан куррашакл ё тухмшакл аст, вале инсони болои он буда, инро эҳсос намекунад, балки гумон мекунад, ки он паҳн ва густурда аст.
Хулоса, Замину осмон офаридаи Аллоҳ таъоло буда, онҳо дар тасарруфи Ӯ таъоло қарор доранд. Шахси муҷрим (гунаҳкор) ҳеҷ ҷои гурехтану паноҳ бурдан надорад. Бояд, ки инсон тафаккур карда, Холиқи худро шиносад. Валлоҳу аъламу биссавоб
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «