Сураи аз-Зориёт Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 49

وَمِنۡ كُلِّ شَىۡءٍ خَلَقۡنَا زَوۡجَيۡنِ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُوۡنَ ٤٩

Ва мин кулли шай-ин халақна завҷайни лаъаллакум тазаккарун. 49.

49. Ва аз ҳар чиз ҷуфт офаридем, шояд, ки шумо пандпазир шавед.

Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки ҳар чизе, ки ҳаст, ҷуфт офарида шудааст.

Масалан, ҳангоми кашфи атом (зарра) олимони собиқ бар ин ақида буданд, ки он ҷуфти худро надораду танҳо аз зарраҳои соҳиби заряди манфӣ-электронҳо иборат аст. Вале чун илм рушду такомул ёфт, муайян намуданд, ки дар дохили атом ҳам, зарраи ба электрон ҷуфти соҳиби заряди мусбат, яъне «протон» низ, мавҷуд будааст. Ин кашфиёт нодуруст будани тасаввуроти пешинаи олимони ин соҳаро собит сохт.

Ё мурод аз «ҷуфт» ашёи бо ҳам мутақобил аст, мисли шаб ва рӯз, Замину Осмон, торикию равшанӣ, сиёҳу сафед, куфру имон ва ғайра. Ҳамаи ин аҷоиботи санъати офариниш барои он аст, ки шояд бандагон онҳоро дида, панд гиранду Холиқи худро шиносанд.

Баъди ин Аллоҳ таъоло ба панду андарзи бандагонаш гузашта, мегӯяд:


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)