Сураи аз-Зориёт Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 47

وَ السَّمَآءَ بَنَيۡنٰهَا بِاَيۡٮدٍ وَّاِنَّا لَمُوۡسِعُوۡنَ ٤٧

Ва-с-самаа банайнаҳа би айди-в ва инна ламусиъун. 47.

47. Ва Мо Осмонро ба қувват офаридем ва ҳаройина, Мо ба васеъ кардани он тавоноем.

Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки мо ин осмон (кайҳон)-и васеъро ба қуввату қудрати Худ паҳну бузург офаридем ва бе сутун нигоҳ доштем ва онро бо ситорагон зиннат додем. Замин дар муқоиса бо он хеле ва хеле хурд аст ва мо соҳиби чунин қудрат ҳастем. Яъне таносуби андозаи Замин нисбат ба осмон (кайҳон) мисли як ҳалқа (гӯшвора)-ест байни саҳрои хеле бузург.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)