Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 60
فَوَيۡلٌ لِّـلَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا مِنۡ يَّوۡمِهِمُ الَّذِىۡ يُوۡعَدُوۡنَ ٦٠
Фа вайлу-л лил лазӣна кафару ми-й явмиҳиму-л-лазӣ йуъадун.60.
60. Пас, вой кофиронро аз он рӯзе ки онҳоро ваъда дода мешавад.
«Вой» калимаи азоб аст. Яъне вой бар ҳоли онҳое, ки чӣ бар нафси худ ва чӣ ба дигарон зулму ситам менамоянд. Агар инчунин тоифа тавба накунанд, даст аз зулм набардоранд ва имон наоранд, хоҳ дар рӯзи қиёмат бошад, хоҳ дар ин дунё, ҳолашон сахт душвор хоҳад буд. Чунончи мушрикони Макка дар ҷанги Бадр ба чунин азоб дучор омаданд. Чунин золимон ва амсоли онҳо подоши амалҳои бадашонро, албатта, мебинанд. Ин ваъдаи Худованд, чуноне ки аз таҷрибаҳо маълум аст, ҳатман, бе шакку шубҳа, воқеъ шуданист. Валлоҳу аълам.
Поёни сураи «Зориёт» ва лиллаҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «