Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 59
فَاِنَّ لِلَّذِيۡنَ ظَلَمُوۡا ذَنُوۡبًا مِّثۡلَ ذَنُوۡبِ اَصۡحٰبِهِمۡ فَلَا يَسۡتَعۡجِلُوۡنِ ٥٩
59. Фа инна лиллазина Заламу зануба-м-мисла зануби асҳабиҳим фала ястаъҷилун.
59. Пас, ҳаройина, барои онон, ки ситам карданд, насибае ҳаст монанди насибаи ёрони гузаштаашон, пас бояд, ки аз Ман бо шитоб азобро талаб накунанд.
Агар ин золимону ситамгарон ба сӯи бандагӣ руҷӯъ накунанд, аз раъйи худ барнагарданд, яқин бидонанд, ки мисли золимони гузашта, аз қабили қавми Нӯҳ (а), Од ва Самуд онҳоро низ, насибаву ҷазое хоҳад буд. Бояд ба молу сарвати худ мағрур нашаванд, гуноҳ карда, ором набошанд, ки гӯё ба азоб гирифтор намешаванд. Онҳо аз талаби азоби Худованд шитоб наварзанд, яъне бо истеҳзо нагӯянд: «Куҷост он азоби ваъдагӣ, то моро фаро гирад?». Албатта, шахсоне, ки чунин сифат доранд, азобро ногузир дер, ё зуд хоҳанд чашид.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «