Сураи бақара Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 16

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشۡتَرَوُاْ ٱلضَّلَٰلَةَ بِٱلۡهُدَىٰ فَمَا رَبِحَت تِّجَٰرَتُهُمۡ وَمَا كَانُواْ مُهۡتَدِينَ ١٦ 

Улаика-л- лазинаштараву-З-Залолата би-л-ҳудо фа мо рабиҳат тиҷоратуҳум  ва  мо  кону  муҳтадин.  16.

16. Онҳо касонеанд, ки гумроҳиро ивази ҳидоят харидаанд, пас, суд надод тиҷорати онҳо ва онҳо ҳидоятёфта набуданд.

Мунофиқон ҳамеша дудила ва дар шакку шубҳаанд. Бинобар ин, онҳо роҳи ҳидоятро намеёбанд. Аллоҳтаъоло бар дилу дидаҳои онҳо мӯҳр ниҳодааст. Онҳо касонеанд, ки дар бадали имон куфрро харидорӣ кардаанд. Ҳидоятро монда, барои худ залолатро ихтиёр намудаанд. Аммо дар ин тиҷорати пешгирифтаашон на манфиат, балки хисорот (зарар) дидаанд. Роҳи ҳидоятро на ин, ки ба даст наовардаанд, балки саодати дунёву охиратро аз даст додаанд. 

Дар Қуръони маҷид оятҳои бисёр дар ҳақи мунофиқон нозил шудааст. Иншоаллоҳ, чун ба онҳо расидем, шарҳи худро хоҳанд ёфт. Акнун дар робита ба мавзӯи мунофиқон ин ҷо зикри ҳадисеро аз Рсулуллоҳ (с) ба маврид медонем. Дар “Саҳеҳи Бухорӣ” ривояте аз Абӯ Ҳурайра (р) омада, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: Аломати (нишонаи) мунофиқ се аст: сухан гӯяд бар дурӯғ мегӯяд, ба ваъдаи додагиаш хилоф меварзад ва ба амонат хиёнат мекунад. Дар баъзе ривоят аломати чоруми мунофиқро ҳам зикр кардаанд, ки агар бо касе дар низоъ шавад, фоҷирӣ (бадкорӣ)-ро аз ҳад мегузаронад.

Оятҳои баъдӣ хисороти мунофиқонро равшантар баён намуда, ду мисоли дигарро пешниҳод мекунанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)