Тафсири Сураи бакара Ояти 212 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 212
زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَيَسۡخَرُونَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۘ وَٱلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ فَوۡقَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَٱللَّهُ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٖ ٢١٢
Зуййина лил-лазина кафару-л-ҳайоту-д-дунйо ва ясхаруна мина-л-лазина оману. Ва-л-лазина-т-тақав фавқаҳум явма-л-қийомаҳ. Валлоҳу ярзуқу ма-й яшау би ғайри ҳисоб. 212.
212. Онон, ки кофир шудаанд, барои онҳо зиндагонии ин чаҳон ороста карда шуд ва онҳо аҳли имонро масхара мекунанд. Ва касоне ки тақво доранд, рӯзи қиёмат аз онҳо (кофирон) болотар бошанд. Ва Аллоҳ ҳар киро хоҳад, бе ҳисоб рӯзӣ медиҳад.
Шахсоне, ки кофир шудаанд, фикру зикрашон, умеду орзуяшон фақат шавқу барқи ҳамин панҷрӯза дунёи фонист. Онҳо маънои дунёро дар айшу нӯш, харобкорӣ ва зӯроварӣ мефаҳманд). Яъне Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур яке аз сифатҳои асосии шахсони аз имон маҳрумро баён намуда, мефармояд, ки дар назари шахсони беимон шаҳват ва неъматҳои дунё то дараҷае зиннат дода шуда аст, ки ҳатто аз охират мункиранд ва худро аз даҳшати рӯзи қиёмат дар амон меҳисобанд. Онҳо ба Аллоҳу оятҳои Ӯ ва расулони Ӯ бовар надоранд ва назди шариати фиристодаи Аллоҳ сар хам намекунанд. Онҳо аз боигарӣ ва сарватмандии худ аз ҷону дил хурсанд ва андешаашон фақат ҷамъ кардани моли дунё ва ҳосил намудани дунёст. Онҳо аз бодаи ғурур чунон сармастанд, ки мӯъминонро бо чашми ҳақорату истеҳзо менигаранд, гӯё мӯъминҳо дар байнашон як чизи зиёдатию нодаркор бошанд. Алайҳи мӯъминон доимо макрҳо мекунанд, зарарҳо мерасонанд. Мӯъминҳо сабрро пеша мекунанд, савобро аз Аллоҳ пурсон мешаванд, бо сабаби имону сабре, ки доранд, изову алами бединҳоро сабук ҳис мекунанд. Мӯъминон, ки дил ба дунёи гузаро надоранд, фақат фикрашон ободии охират аст. Зеро фазлу мартаба, фазлу мартабаи охират аст. Сарватмандони беимон намедонанд, ки мартабаи шахсони худотарс дар Биҳишт, дар аълои иллиййин (ҷойҳои баланд)-анд. Онҳо бошанд, дар асфаласофилин (пасттарин табақаҳои дӯзах)-анд. Аллоҳтаъоло хоҳад, ба дӯстони худ ризқу рӯзии васеи гуворои бе ҳисобу бе фано медиҳад.
Ибни Касир маънои ҷузъи охири ояти мазкурро ба таври умум нақл намуда, мефармояд, ки Аллоҳтаъоло касеро аз бандагони худ хоҳад дар дунё ва охират атоҳои беандоза ва беадад инъом мефармояд. Дар ҳақиқат, арзишҳои дунявӣ дар назари шахсони боимон, нисбат бо арзишҳои ухравӣ бе маъно ва ҳамчу бозичаи кӯдакон аст. Онҳо аз сарвати ёфтаашон дар ташвиш буда, доимо дар фикранд, оё закоташро пурра додам? Оё бо моли худ силаи раҳм (муносибати хуб бо хешовандон)-ро ба ҷо овардам? Оё дар он ҷое, ки Аллоҳ ризо буд, сарф кардам? Оё ин мол сабаби ғурури ман нашуд? Хулоса, мисли ин фикрҳо ҳазору як андеша мекунанд. Аммо шахсони аз имон маҳрум бо ғурури худ қадру қимати инсонро бо пулу мол бар мекашанд.
Ҳол он, ки дар ҳадиси Расулуллоҳ (с) омадааст: “Ҳар рӯз вақти субҳгоҳ ду фариштае аз осмон мефароянд ва ин дуоро барои шахсони молдор мехонанд. Яке аз онҳо мегӯяд: Ай бори Таъоло, ба шахсе, ки дар роҳи ризои Ту нафақа медиҳад, ба ӯ чандин маротиб ҷойнишини молашро деҳ! Дигар фаришта мегуфтааст, ки ай Аллоҳтаъоло, барои шахсони мумсик талафи молашонро деҳ!”
Дар ҳадиси дигаре омада, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Фарзанди одам моли ман, моли ман мегӯяд, ҳол он ки барои ӯ аз мол насибае нест, магар он ки хӯраду адо кунад, ё пӯшаду кӯҳна кунад, ё садақа диҳаду аз олам гузарад. Ғайри ин дигар ҳар чӣ ҳаст, барои мардум мемонад.”
Дар «Муснад»-и худ Имом Аҳмад (р) аз Пайғамбари Аллоҳ (с) ривоятеро оварда фармудааст: “Дунё дори шахсест, ки ӯ дигар доре надорад ва моли шахсест, ки ӯ он ҷо моле надорад, бори дунёро касе ҷамъ мекунад, ки ӯ ақле надорад.” Валлоҳу аълам, муносибати шахсони мӯъмин ва ғайри мӯъмин, қадру манзалати байни онҳо дар дунё ва охират, дар ояти қаблӣ ба қадри имкон эзоҳи худро ёфт. Ояти баъдӣ, иншоаллоҳ, таърих ва сабаби онҳоро баён месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «