Сураи бақара Ояти 213 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 213 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 213

كَانَ ٱلنَّاسُ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ فَبَعَثَ ٱللَّهُ ٱلنَّبِيِّ‍ۧنَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ وَأَنزَلَ مَعَهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَ ٱلنَّاسِ فِيمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَمَا ٱخۡتَلَفَ فِيهِ إِلَّا ٱلَّذِينَ أُوتُوهُ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۖ فَهَدَى ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَا ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ مِنَ ٱلۡحَقِّ بِإِذۡنِهِۦۗ وَٱللَّهُ يَهۡدِي مَن يَشَآءُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٍ ٢١٣

Кона-н-носу уммата-в воҳидатан фа баъасаллоҳу-н-набиййина мубашширина ва мунзирина ва анзала маъаҳуму-л китоба би-л-ҳаққи ли яҳкума байна-н-носи фи махталафу фиҳ. Ва махталафа фиҳи илла-л лазина утуҳу мим баъди мо ҷаатҳуму-л-баййиноту бағя байнаҳум. Фа ҳадаллоҳу-л-лазона оману ли махталафу фиҳи мина-л-ҳаққи би изниҳ. Валлоҳу яҳди ма-й-яшау ило сироти-м мустақим. 213. 

213. Мардум (аз замони Одам то замони Нуҳ ҳама як гурӯҳ (муъмину муваҳид) буданд. Пас, Аллоҳ пайғамбаронро башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристод ва бо ҳамроҳии онҳо Китобро фуруд овард, то (он Китоб) миёни мардум дар он чӣ ки дар он ихтилоф кардаанд, ба ростӣ ҳукм кунад. Дар он ихтилоф накарданд, магар касоне ки онҳоро Китоб дода шуд, баъд аз он, ки онҳоро нишонаҳо омад, аз ҷиҳати ҳасад дар миёни худ ихтилоф карданд. Пас, Аллоҳ бо иродаи Худ онҳоеро, ки имон оварданд, дар он чӣ ки дигарон ихтилоф карданд, ба ҳақ ҳидоят намуд. Ва Аллоҳ касеро, ки хоҳад,  ба сӯйи роҳи рост ҳидоят мекунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар асл ҳамаи инсонҳо аз Одам (а) ва Момо Ҳавво ва аз насли онҳо ба дунё меоянд. Аммо фарзандоне, ки ҳамдаври Одам (а) буданд, мисли як оила буданд дину ибодату мазҳабу як ақида доштанд. Онҳо оҳиста-оҳиста бисёр шуда бошанд ҳам, дар дини ягона, яъне дини Ислом буданд. Мутаассифона, ҳар қадар замони Одам (а) дур мерафт, мардум аз Одам (а) ва таълимоти Ӯ (а) ҳамон қадар дур мемонданд. Байнашон ихтилофҳо пайдо мешуд, ҳар гурӯҳ фикри худро дуруст дониста, ба мазҳабҳои ҳархела ворид мешуданд. Яъне онҳо ба шохаҳои куфру имон тақсим мешуданд, ҳатто баъзеи онҳо даст ба бутпарастӣ заданд. Он асно ба як роҳбаре, ки аз тарафи Аллоҳ таъин шуда бошад, то ба онҳо роҳи ҳақиқати динро таълим диҳад тақозо дошт. Хушбахтона, Аллоҳтаъоло пайғамбарони Худро барои ҳидояти мардум аз Нӯҳ (а), ки аз Одам (а) то Ӯ (а) 1000 сол фосила дорад, сар карда, то пайғамбари охируззамон мувофиқи тақозои замони онҳо фиристод, то ки онҳо мардумро ба роҳе, ки Аллоҳ дар он розист, даъват кунанд. Аҳли тоъату имонро мужда ба Ҷаннат ва аҳли куфру исён ва фасодкоронро бими Ҷаҳаннам диҳанд. Ҳамзамон барои рафъи он ихтилофҳое, ки байни худ доштанд, ба пайғамбарони Худ мӯъҷизаҳо медод. Китобҳои Худро ба онҳо нозил менамуд, то пайғамбарон аз ин китобҳо истифода намуда, ба ихтилофҳои онҳо бо адолат ҳукм кунанд. Мешуд, ки баъзеи мардум ин ҳукму ин пайғамбаронро қабул доштанд ва баъзеашон инкор мекарданд. Локин онҳо мехостанд, ё не, пайғамбарон вазифаи худро иҷро мекарданд. Ин муомила то пайғамбари охируззамон идома ёфт. Чун Муҳаммад (с) ба пайғамбарӣ мушарраф шуд, вазифаи ӯ ҳам вазифаи пайғамбарони пешин буд. Вақто ки мардумро ба роҳи ҳидоят даъват намуд, аксари мардуме, ки аҳли китоб набуданд, ихтилоф накарданд. 

Мутаассифона, касоне ихтилоф карданд, ки (чун яҳуду насоро) аҳли китоб буданд, ҳақиқати пайғамбари охируззамонро дар китобҳои худ хондаву медонистанд, он китобҳо, онҳоро ба иттифоқу ваҳдат далолат доштанд. Локин онҳоро ҳисси дунёпарастӣ, рашку рақобат, ҳасад ғалаба намуд, даст ба ихтилофҳо заданд. Ба ҷои амал ба ин мояи роҳнамои ҳидоят, фикри худро дуруст дониста, гумроҳ шуданд. Хушбахтона, аз байни онҳо аҳли имонро дар он чизе, ки ихтилоф доштанд, Худованд бо лутфу меҳрубонии Худ ба сӯи ҳақ ва ростӣ ҳидоят фармуд. Зеро Худованд шахсеро хоҳад ба сӯи роҳи росте, ки ӯро ба Ҷаннат роҳсипор мегардонад, ҳидоят мекунад. Хонандаи азиз, барои такмили фаҳми ояти мазкур барои мисол,якчанд ихтилоферо, ки дар замони босаодати пайғамбари охируззамон Муҳаммад (с) буд, бароятон пешкаш мекунем.

Мардум дар афзалияти яке аз рӯзҳои ҳафта ихтилоф доштанд. Яҳудиён рӯзи шанбе, насрониён рӯзи якшанберо ҳамчун ид ихтиёр намуданд. Худованд уммат


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

и Муҳаммад (с)-ро ба рӯзи ҷумъа ҳидоят намуд. 

Мардум дар амри қибла ихтилоф намуданд. Насоро дар ҳолати ибодат ба тарафи машриқ, яҳудиён ба сӯйи Байтулмуқаддас рӯй меоранд. Худованд уммати Муҳаммад (с)-ро сӯи қиблаи асосӣ – Каъба ҳидоят фармуд.

Мардум дар тариқи намоз хондан ихтилоф мекунанд. Баъзеашон дар намоз рукӯъ мекунанд, саҷда намекунанд. Баъзеашон саҷда мекунанд, рукӯъ намекунанд, баъзеашон намоз мехонанду сухан ҳам мегӯянд. Баъзеашон роҳ рафта намоз мехонанд. Худованд уммати Муҳаммад (с)-ро ба дуруст хондани намоз ҳидоят фармуд.

Мардум дар тариқи рӯза доштан ихтилоф намуданд: Баъзеашон соатеро аз рӯз рӯза медоранд, бархе дигар агар баъзе таъомҳоро нахӯранд, худро рӯзадор меҳисобанд. Худованд уммати Муҳаммад (с)-ро ба сӯий доштани рӯзаи ҳақиқӣ ҳидоят фармуд.

Мардум дар шаъни Иброҳим (а) ихтилоф намуданд: Яҳудиҳо гуфтанд, ӯ яҳудӣ аст. Насрониҳо гуфтанд, ӯ насронӣ аст. Аммо Аллоҳтаъоло уммати Муҳаммад (с)-ро хабардор намуд, ки ӯ на насронӣ асту на яҳудӣ, балки ӯ ҳаниф (муваҳҳид)-у мусалмон аст.

Мардум дар шаъни Исо (а) ихтилоф намуданд: Яҳудиҳо пайғамбарии ӯро инкор намуда, модари ӯро бӯҳтони бузурге бастанд. Насрониҳо бошанд, ӯро илоҳ ва баъзеашон фарзанди Аллоҳ ҳисобиданд. Аммо уммати Муҳаммад (с)-ро Худованд ба роҳи ҳақиқӣ дар хусуси Исо (а) ҳидоят фармуд. Ҳамчуноне ки Аллоҳ дар Қуръон ӯро рӯҳ, калим, бандаи хеш, яъне ӯ (а)-ро чун Пайғамбар муаррифӣ кард, мусалмонон ҳамчу Пайғамбар ӯро қабул фармуданд.

Албатта, ҳамаи ин бо илми Аллоҳтаъоло ва бо ҳидояти Ӯ вобаста аст. Муфассирони олиқадр зимни ояти мазкура ҳадисеро аз «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва Муслим аз Ойиша (р) ривоят кардаанд, ки он ва тарҷумаи он ба мазмуни ояти мазкур рост меояд. Ровӣ мегӯяд: Вақто Расулуллоҳ (с) аз хобашон дар шаб мехестанд, намоз мехонданд ва дуои зеринро мехонданд: 

“Аллоҳумма рабби Ҷибриил ва Микоил ва Исрофил фотириссамовоти вал арзи олимул ғайби вашшаҳодати анта таҳкуму байна ъибодика фи мо кону яхталифун аҳдини лимо ихталифа фиҳи минал ҳаққи биизника иннака таҳдӣ ман ташоу ило сиротим мустақим!”. “Ай Парвардигори Ҷабраил ва Микоил ва Исрофил, ай Холиқи осмонҳо ва Замин, ай донандаи ниҳону ошкоро, ту худат ҳукм мекунӣ байни бандагони худ, дар он чи, ки онҳо дар он ихтилоф доранд, ҳидоят кун маро мар он чизе, ки ихтилоф дар он доранд аз ҳаққ бо илм (ҳидоят)-и Худ, албатта, ҳидоят мекунӣ шахсеро, ки хоҳӣ, ба роҳи рост”.

Ва инчунин дар дуои маъсур аз Расулуллоҳ (с) низ омадааст, ки фармуданд: “Аллоҳумма аринал ҳаққа ҳаққан варзуқно иттибоъаҳ. Ва аринал ботила ботилан варзуқно иҷтинобаҳ”. Бор Худоё! Ба мо ҳаққро ҳаққ бинамо ва пайравӣ аз онро рӯзиямон кун ва ба мо ботилро ботил бинамо ва парҳез аз онро рӯзиямон кун ва онро бар мо пӯшида нагардон, ки гумроҳ мешавем.

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 212 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 214 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)