Тафсири Сураи бакара Ояти 214 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 214
أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تَدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ وَلَمَّا يَأۡتِكُم مَّثَلُ ٱلَّذِينَ خَلَوۡاْ مِن قَبۡلِكُمۖ مَّسَّتۡهُمُ ٱلۡبَأۡسَآءُ وَٱلضَّرَّآءُ وَزُلۡزِلُواْ حَتَّىٰ يَقُولَ ٱلرَّسُولُ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥ مَتَىٰ نَصۡرُ ٱللَّهِۗ أَلَآ إِنَّ نَصۡرَ ٱللَّهِ قَرِيبٞ ٢١٤
Ам ҳасибтум ан тадхулу-л-Ҷанната ва ламмо яътикум-м масалу-л-лазина халав мин қабликум. Массатҳуму-л-баъсау ва-З-Зарроу ва зулзилу ҳатто яқула-р-расулу ва-л-лазина оману маъаҳу мато насруллоҳ. Ала инна насраллоҳи қариб. 214.
214. (Эй мардум) Оё пиндоштед, ки дар Биҳишт дароед, ҳол он ки шуморо ҳанӯз ҳолати ононе, ки пеш аз шумо гузаштаанд, пеш наомадааст? Ба онҳо сахтӣ ва меҳнат расид ва (онҳо) ҷунбонида шуданд, то он ҷое ки Пайғамбар ва касоне, ки имон оварданду ҳамроҳи вай буданд, мегуфтанд: «Ёрӣ додани Аллоҳ кай бошад?». Огоҳ шавед, ҳаройина, ёрӣ додани Аллоҳ наздик аст.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур бо хитоб мӯъминонро мефармояд, ки ай мӯъминон, шумо гумон мекунед, ки он балову меҳнат, беморию мусибатҳо, фақру гуруснагӣ, хавфу тарс аз душман ва ғайра бар сари пайғамбарони гузашта ва умматони онҳо омад, бо вуҷуди ин ҳама ранҷу балоҳои дилро такондиҳанда сабр намуда, ҳамаи ин имтиҳонҳоро аз сар гузарониданд, бар сари шумо наомада, аз имтиҳонҳо ногузашта, бо гуфтани калимае, ки мо мусалмонем, мехоҳед ройгон дохили Ҷаннат шавед? Ин хел ҳисоб накунед. Шумо ҳам бояд аз имтиҳони илоҳӣ гузаред! Умматони гузашта чун нусрати Аллоҳ ба таъхир афтод ва азоби онҳо аз ҳад гузашт, фақат бо илтимосу илтиҷо одобро нигоҳ дошта, нусрате, ки барои онҳо ваъда шуда буд, мепурсиданд, ки нусрати Аллоҳтаъоло кай бар мо меомада бошад? Дигар зиёд бетоқатӣ надоштанд. Онгоҳ Худои азза ва ҷалла онҳоро бо ин сухани хеш башорат фармуд, ки бидонед, ки нусрати илоҳӣ наздик аст. Яъне Аллоҳтаъоло бо ҳар навъе, ки набошад, нусрати худро аз онҳо дареғ надошт. Онҳоро бар душман пирӯз гардонд.
Баъзе муфассирон мисли Қатода ва Саддӣ сабаби нузули ояти каримаро (чун саҳобагон ранҷи бисёр кашиданд), ғазои Аҳзоб медонанд. Ба ҳар тақдир, дар ин мазмун суханро аз Хаббоб ибни Арат шунавем, ки эшон гуфтанд: “Вақто ки азоб аз тарафи душман бар сари мо аз ҳадд гузашт, ба Расулуллоҳ (с) муроҷиат карда гуфтем: Ё Расулаллоҳ! Оё аз Аллоҳтаъоло нусрати моро намепурсӣ?” Оё назди Аллоҳтаъоло барои мо дуо намекунӣ, то ин машаққатҳо аз мо дур шавад! Вақто ки аз Расулуллоҳ (с) чунин дархост намудем, Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Пеш аз шумо мӯъминоне, ки умматони пайғамбарони гузашта буданд, арраро бар фарқашон мениҳоданд ва онҳоро дуним мекарданд, онҳо аз динашон намегузаштанд. Онҳоро бо шонаҳои оҳанин гӯшташонро шона карда, аз устухонҳо то қадамашон ҷудо мекарданд, онҳо аз динашон намегаштанд. Ба Аллоҳ қасам Аллоҳтаъоло ин корро (Исломро) ба камолу ба ривоҷ мерасонад, ҳатто саворае аз Санъо то Ҳазаралмавт ба ғайри Аллоҳ аз ҳеҷ кас натарсида меравад, магар аз гург хавф мебарад, ки гӯсфандони ӯро нахӯрад, ҳамин хел вақт ҳам меояд, локин шумо қавми шитобкори бесабр ҳастед!
Хулоса! Агар зербинои Исломро бо тақво ва ихлос мустаҳкам накунед, дар роҳи ҳақ ҷоннисорӣ ва мубориза бо душман накунед ва бар хилофи хоҳишҳои нафс мубориза (ҷиҳод) накунед, имону Исломро бо даҳон эълон намоеду аз чунин имтиҳонҳо нагузаред ва дар тамоми ҳолатҳо имону Исломро мустаҳкам нигоҳ надоред, ин гуна имон ва ислом ҳеҷ фоидае надорад. Ҳатто аз суханҳои Ҳирақл – подшоҳи Рум ҳам чунин маъноро дарк кардан мумкин. Вақто ки Ҳирақл – подшоҳи Рум дар байни саволҳои худ аз Абӯ Суфён мепурсад, ки шумо бо он шахсе, ки мегӯяд: Ман расули Аллоҳам, ҷанг кардед? Абӯ Суфён дар ҷавоб мегӯяд: “Оре!” Боз Ҳирақл мепурсад, ки ҷанг байни шумо чихел анҷом меёбад? Абӯ Суфён гуфт: “Гоҳ ба фоидаи тарафи мо, гоҳ ба фоидаи тарафи ӯ анҷом меёбад.” Ҳирақл дар охир бо он илме, ки аз китобҳои он замона истифода кардаву шунида буд, гуфт: “Кори пайғамбари ҳақиқӣ чунин мешавад, яъне имтиҳонро болои имтиҳон мегузаронад, дар охир бар душманони худ ғолиб меояд.”
Оятҳои баъдӣ, иншоаллоҳ, масъалаеро, ки барои ислоҳоти иҷтимоии ҷамъияти мусулмонон хеле зарур аст, бо шаш савол баён мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «