Тафсири Сураи бакара Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 22
ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَرۡضَ فِرَٰشٗا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءٗ وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجَ بِهِۦمِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزۡقٗا لَّكُمۡۖ فَلَا تَجۡعَلُواْ لِلَّهِ أَندَادٗا وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٢٢
Ал-лази ҷаъала лакуму-л-арЗа фироша-в ва-с-самаа бинаа-в ва анзала мина-с-самаи маан фа ахраҷа биҳи мина-с-самароти ризқа-л лакум. Фа ло таҷъалу лиллоҳи андода-в ва антум таъламун. 22.
22. Он Парвардигоре, ки сохт барои шумо Заминро (монанди) бисот ва Осмонро (мисли) сақф (бом) ва фуруд овард аз Осмон обро, пас берун овард ба сабаби вай барои шумо меваҳо (рӯзӣ)-ро. Пас, барои Аллоҳ ҳамтоёне муқаррар накунед ва шумо инро медонед.
Ай мардум, дар парастиши Ӯ таъоло чизи дигареро ҳаргиз шарик надонед! Зеро Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло чунин Зотест, ки бо вуҷуди куррашаклу дар ҳаракат будани Замин, онро барои бандагони худ қароргоҳ ва макони мувофиқи зист ва дархӯрди ниёзҳои онҳо гардонидааст.
Инчунин Аллоҳтаъоло осмонро болои замин монанди боми хона шакл додааст. Дар осмон абрҳоро ҷой додааст, ки дар мавриди мувофиқу макони муносиб бо иродаи худ ба замин борон равон мекунад ва аз он борон дар замин гиёҳҳо ва меваҳои гуногун, зироатҳои мухталиф мерӯянд, ки тамоми маҳлуқоти зиндаи рӯйи замин ба онҳо ниёз доранд. Ба ҷуз Аллоҳи ягона дигар ҳеҷ касе чунин қудратро надорад.
Оятҳои баъдӣ ҳақиқати пайғамбарии бандаи Аллоҳ ва каломи раббонӣ будани Қуръонро бо ҳуҷҷатҳо исбот месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «