Тафсири Сураи бакара Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 23
وَإِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّمَّا نَزَّلۡنَا عَلَىٰ عَبۡدِنَا فَأۡتُواْ بِسُورَةٖ مِّن مِّثۡلِهِۦ وَٱدۡعُواْ شُهَدَآءَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٢٣
Ва ин кунтум фи райби-м мим мо наззално ъало ъабдино фаъту би суратим ми-м мислиҳи вадъу шуҳадаакум-м мин дуниллоҳи ин кунтум содиқин.23.
23. Агар аз он чӣ (аз Қуръон) бар бандаи Худ фуруд овардем, шумо дар шубҳа ҳастед, пас, агар ростгӯ бошед, ба ғайри Аллоҳ мададгорони худро бихонед, як сура монанди он биоред.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ай мардум, агар шумо ба саҳеҳу дуруст будани Қуръони азимушшаън, ки мо ба Пайғамбари худ (с) онро чун дастури зиндагии башарият фиристодем ва он аз рӯйи банду баст, тартибу назм ва тарзи баён оламиёнро оҷиз гардонидааст, шакку шубҳа доред, пас ҳама бо ҳам биёед ва ҳеҷ набошад, сураеро, ки ақаллан се оят бошад, бо чунин фасоҳату балоғате, ки Қуръон дорад, эҷод намоед! Агар шумо ростгӯ бошед барои анҷоми ин амал, тамоми пайравон ва он буту санамҳои худро ҳам барои ёрию мадад даъват намоед, оё мисли Қуръон китобе эҷод карда метавонед ё не? Ояти зер, иншоаллоҳ, идомаи ояти қаблист:
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «