Тафсири Сураи бакара Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 21
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمُ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ ٢١
Йа айюҳа-н-носуъбуду Раббакуму-л-лази халақакум ва-л-лазина мин қабликум лаъаллакум таттақун. 21.
21. Эй мардум, Парвардигори хешро бипарастед, он Парвардигоре, ки шумо ва он касонеро, ки пеш аз шумо буданд, офаридааст, шояд ки шумо аз ҷумлаи муттақиён бошед.
Аллоҳтаъоло бандагони худро бо нидои хос хитоб намуда бо калимаҳои “Ё айюҳа-н-нос” муроҷиат кардааст, ки маънои “Ай мардум”-ро дорад. Чунин тарзи муроҷиати Аллоҳтаъоло далолат ба он мекунад, ки Ӯ таъоло чизи муҳиммеро барои бандагони худ хабар доданист. Яъне гуфтааст, ки эй мардум, неъматҳои Парвардигорро ба ёд биёред, он Парвардигореро парастиш кунед, ки шумо дар ҳеҷ ҷой набудед, шуморо ҳаст кард ва бо неъматҳои гуногуни хеш шуморо тарбият намуд.
Шумо дар ибодат, парастиш ва шукр Ӯро ягона ва бе мислу монанд бидонед. Зеро Ӯ таъоло чунон Парвардигоре аст, ки ҳама онҳое, ки қабл аз шумо дар олам ҳаёт ба сар бурданд, офаридаи ҳамин Офаридагор буданд. Шояд шумо дар чунин ҳолат аз бандагони растагору наҷотёфта ҳисоб шавед!
Баёни сифат ва қудратҳои хосаи Аллоҳтаъоло дар ояти зер идома дорад:
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «