Тафсири Сураи бакара Ояти 253 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 253
تِلۡكَ ٱلرُّسُلُ فَضَّلۡنَا بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۘ مِّنۡهُم مَّن كَلَّمَ ٱللَّهُۖ وَرَفَعَ بَعۡضَهُمۡ دَرَجَٰتٖۚ وَءَاتَيۡنَا عِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ ٱلۡبَيِّنَٰتِ وَأَيَّدۡنَٰهُ بِرُوحِ ٱلۡقُدُسِۗ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا ٱقۡتَتَلَ ٱلَّذِينَ مِنۢ بَعۡدِهِم مِّنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ وَلَٰكِنِ ٱخۡتَلَفُواْ فَمِنۡهُم مَّنۡ ءَامَنَ وَمِنۡهُم مَّن كَفَرَۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا ٱقۡتَتَلُواْ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يُرِيدُ ٢٥٣
Тилка-р-русулу фаЗЗално баъЗаҳум ъало баъЗ. Минҳум-м ман калламаллоҳ. Ва рафаъа баъЗаҳум дараҷот. Ва отайно Ъисабна Маряма-л-баййиноти ва айядноҳу би руҳи-л-қудус. Ва лав шааллоҳу мақтатала-л-лазина мин баъдиҳи-м мин баъди мо ҷаатҳуму-л-баййиноту ва локинихталафу фа минҳумм ман омана ва минҳумм ман кафар. Ва лав шааллоҳу мақтаталу ва локинналлоҳа яфъалу мо юрид. 253.
253. Мо ин пайғамбаронро баъзеашонро бар баъзеашон фазл додем: баъзе аз онҳо шахсоне ҳастанд, ки Аллоҳ ба онҳо сухан гуфт ва баъзеро дар мартабаҳо баланд кард. Ва Исо – писари Марямро муъҷизаҳо додем ва ӯро бо «Рӯҳу-л-қудс» (Ҷабраил) қувват додем ва агар Аллоҳ мехост, касоне ки баъд аз пайғамбарон буданд, пас аз он ки онҳоро ҳуҷҷатҳо омад, бо якдигар намеҷангиданд, валекин ихтилоф карданд, пас, баъзе аз онҳо касе ҳаст, ки имон овард ва аз онҳо касе ҳаст, ки кофир шуд. Ва агар Аллоҳ мехост, ҳаргиз ба якдигар куштор намекарданд, валекин Аллоҳ он чӣ мехоҳад, анҷом медиҳад.
Калимаи “тилка” дар илми наҳв (грамматика)-и забони арабӣ барои ишораи баъид (дур) истифода мешавад. Одатан ин калима эҳтиромро низ ифода менамояд.
Дар ояти мазкур Худованд фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), Мо мартабаи баъзе аз ин пайғамабаронро нисбати баъзеашон баланд бардошта, бо хислатҳои писандида махсус гардонидем. Мисол, баъзе аз он пайғамбарон касоне ҳастанд, ки (чун Мӯсо (а)) Аллоҳтаъоло бо онҳо сухан гуфтааст. Ё мисоли дигар, Худованд ба Муҳаммад (с) дар дунёву охират дараҷаву мартабаи хоссе дода, саййиду пешвои аввалину охирин гардонид. Ё тафовути мартабаи пайғамбаронро аз ҳадиси Исро-Меъроҷи Пайғамбар (с) фаҳмидан мумкин аст. Шаби Меъроҷ Расулуллоҳ (с) тафовуту мартабаи пайғамбаронро назди Аллоҳтаъоло дар осмонҳо диданду ба саҳобагони худ нақл карданд. Ё чунин тафовутро дар дунё низ, чунонеки аз ҷузъи ояти карима, ки далолат ба ҳазрати Исо (а) дорад, фаҳмидан мумкин. Яъне, Аллоҳтаъоло Исо (а)-ро барои ҳидояти бани Исроил бо мӯъҷизаҳои аҷоиб фиристода буд. Ӯ (а) бо дуъои худ ва бо изни Худованд, метавонист мурдагони чандсадсоларо зинда гардонаду аҳволи онҳоро пурсад, бемориҳои шифонаёбанда мисли пес, шал, махавро шифо бахшад. Бо воситаи Рӯҳулқуддус, яъне Ҷабраил (а) Худованд ӯро чунон қувват бахшида буд, ки аз ғайбиёт хабарҳо медод. Хулоса, ҳамаи пайғамбарон, агарчи дар кароматҳо ва мӯъҷизаҳо мувофиқи замони худ байнашон тафовут буд, аммо дар асли пайғабарӣ аз ҳамдигар ҳеҷ бартарие надоштанд. Зеро дар ҳадафи хеш, ки ҷорӣ намудани тавҳид (яктопарастӣ) аст, онҳо бо ҳам баробаранд.
Онҳо ҳаддалимкон тавонистанд, уммати худро ба роҳи рост ҳидоят фармуда, зарарҳои ширку корҳои гуноҳро ба умматҳояшон фаҳмониданд. Тамоми ҳуҷҷатҳо ва дастуруламале, ки Аллоҳ ба онҳо фармуда буд, ба мардум расониданд. Байни пайғамбарон низоъ нест ва ҳеҷ пайғабаре рафтору кирдори пайғабари пеш гузаштаро нодуруст наҳисобидааст. Агар Аллоҳ мехост, ононе, ки баъди пайғамбарон омадаанд, онҳо низ байнашон иттифоқ менамуданду ба гурӯҳу мазҳабҳо ҷудо намешуданд ва ба миллатҳои гуногун табдил намеёфтанд. Ба пайғабарони худ итоъат менамуданду байни худ муҳориба намекарданд. Лекин мутаассифона, онҳо бо ҳам ихтилоф намуда, бо ихтиёри худ тобеъи гурӯҳу фирқаҳо шуда, бо ҳам дарафтоданду бо куштори якдигар пардохтанд. Баъзеашон ба имони худ собит монда ва баъзеашон таҷовуз намуда, кофир ҳам шуданд.
Ба таъкид омадааст, ки агар Аллоҳ мехост, баъди ин ихтилофҳо онҳо бо ҳам намеҷангиданд. Лекин Аллоҳтаъоло он чиро, ки барои бандагонаш муфид ва лозим аст, хеле хуб медонад ва ҳаким аст, ҳар ашёро дар мақоми худ мегузорад. Аллоҳ ҳар чиро ирода дошта бошад, анҷом медиҳад. Ин ҳама қазо ва қадари Ӯст.
Акнун барои дар муқобили куфр устувор нигоҳ доштани имон
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
у Ислом ва ақидаи худ кӯшиш ва ҳаракат лозим аст. Ин амалҳо бе сарват муяссар намешавад, бинобар ин ояти зер ба сарфи мол дар ин роҳ даъват мекунад: