Сураи бақара Ояти 256 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 256 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 256

لَآ إِكۡرَاهَ فِي ٱلدِّينِۖ قَد تَّبَيَّنَ ٱلرُّشۡدُ 

مِنَ ٱلۡغَيِّۚ فَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلطَّٰغُوتِ وَيُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ فَقَدِ ٱسۡتَمۡسَكَ بِٱلۡعُرۡوَةِ ٱلۡوُثۡقَىٰ لَا ٱنفِصَامَ لَهَاۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ٢٥٦ 

Ла икроҳа фи-д-дин. Қа-т-табайяна-р-рушду мина-л ғайй. Фа ма-й-якфур би-т-тоғути ва юъмин биллоҳи фақад-истамсака би-л-ъурвати-л-вусақо ланфисома лаҳо. Валлоҳу Самоъун Ъалим.  256.

256. Барои ба дин даромадан (шахси кофирро) ҷабр кардан раво нест. Батаҳқиқ, роҳи рост аз гумроҳӣ зоҳир шудааст. Пас, ҳар кӣ ба бут (шайтон) мункир шавад ва ба Аллоҳ имон орад, батаҳқиқ, ба дастовез (ресмон)-и маҳкаме ки гусастан (кандан) барои ӯ нест, чанг задааст. Ва Аллоҳ шунаво ва доност.

Дар баёни сабаби нузули ин оят, муфассирони киром ривоятҳои гуногунеро ба кор бурдаанд. Аммо мо чанде аз онҳоро ихтиёр намудем, ки иншоаллоҳ, саҳеҳтаранд. Дар ҳақиқат, агарчи ҳукми оят омм аст, лекин сабаби нузули оятро Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд: Марди мусалмоне аз ансориҳо бо ном Ҳусайн ду писар дошт, бо ривояте онҳо насронӣ буданд, падарашон назди  Расулуллоҳ (с) омаду пурсид: Ё Расулаллоҳ (с), писарони ман Исломро қабул надоранд, ба насронигии худ монданианд, оё онҳоро барои қабули Ислом маҷбур кунам? Дар ин асон, ояти мазкур нозил шуд. 

Дар ривояти дигар овардаанд, ки тоҷирони Шом насронӣ буданд, вақто ки хостанд, аз Мадина ба ватанашон баргарданд, аллакай ин ду писарро ба дини худ дароварда буданд. Онҳо ҳамроҳи тоҷирон равон шуданд. Падарашон назди Расулуллоҳ (с) омада пурсид, ки аз қафои писарон одамеро фиристаму онҳоро ба Ислом маҷбур кунам? Дар ин асно ояти мазкур нозил шуд Ояти мазкурро муфассирони киром чунин эзоҳ додаанд: Бо ҷабру икроҳ ҳеҷ касро ба дини мубини Ислом даровардан мумкин нест. Яъне инсоне, ки мусалмон нест, ӯро бо ҷабр ва зӯрӣ ба Ислом даровардан иҷозат нест, зеро роҳи ҳаққ аз ботил бо хубӣ баёну маълум шудааст. Маълум мешавад, ки дини мубини Ислом дини таҳмилӣ ва маҷбурӣ нест. Шахсоне гӯянд, ки Ислом бо зарби қуввату зӯрии шамшер ба пеш меравад, ин оят посухи онҳост. Дар ҷое, ки Ислом иҷоза надод, ки падар барои тағйири ақида фарзанди худро таҳти фишор қарор диҳад, чӣ тавр метавон гуфт, ки Ислом барои ғайри мусалмонон маҷбурист? 

Дар давоми оят Аллоҳтаъоло меафзояд, ки ҳар шахсе ба парастидашудаҳое, ки ғайри Худо мебошанд, яъне шайтонпарастӣ ва бутпарастиро қалбану феълан қабул накарда, тарк кунад, ба Аллоҳи ягона имон ораду Ӯ таъолоро ба ягонагиаш парастиш кунад, гӯё ин шахс ба дастгираи-риштаи маҳкаме чанг задааст. Вай бо боварии комил метавонад, итминон ҳосил кунад, ки дигар он банду дастгира ҳаргиз кандаву шикаста намешавад. Дар тафсири калимаи “Урватулвусқо” муфассирон маънои гуногунро иҷоза додаанд: Масалан, Муҷоҳид (р) мегӯяд: «Мақсад аз он калима Имон аст». Ас-саддӣ мегӯяд: «Ислом аст». Саъд ибни Ҷубайр ва Аз-заҳҳок мегӯянд: “Калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” аст.” Аз Анас ибни Молик ривояте расида, ки мақсад аз “Урватулвусқо” Қуръон аст. Салим ибни Абиҷаъд гуфтаанд: «Маънои он калима дӯстӣ барои Худо бошад, бадбинӣ ҳам, барои Худо бошад”. Ба ҳар тақдир, ҳамаи ин қавлҳо саҳеҳ аст, байни онҳо зиддияте нест. Ҳамаи инҳо дар як маъно ҷамъ мешаванд, ки он Аллоҳро ягона дониста, парастиш кардан аст. Ҳар инсон метавонад, бо чунин яккапарастӣ худро дар сироталмустақим (роҳи рост) барои духули Ҷаннат устувор бидорад. Дар охири оят омада, ки ҳар чи бошад, Худованд суханҳои онҳоро шунавандаву донанда аст. Яъне назди Ӯ таъоло куфру имони ҳар банда, агарчи банда аз дигарон махфӣ дорад, ҳам маълум аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 255 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 257 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)