Тафсири Сураи бакара Ояти 258 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 258
أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِي حَآجَّ إِبۡرَٰهِۧمَ فِي رَبِّهِۦٓ أَنۡ ءَاتَىٰهُ ٱللَّهُ ٱلۡمُلۡكَ إِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِۧمُ رَبِّيَ ٱلَّذِي يُحۡيِۦ وَيُمِيتُ قَالَ أَنَا۠ أُحۡيِۦ وَأُمِيتُۖ قَالَ إِبۡرَٰهِۧمُ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَأۡتِي بِٱلشَّمۡسِ مِنَ ٱلۡمَشۡرِقِ فَأۡتِ بِهَا مِنَ ٱلۡمَغۡرِبِ فَبُهِتَ ٱلَّذِي كَفَرَۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٢٥٨
Алам тара ила-л-лази ҳоҷҷа Иброҳима фи Раббиҳӣ ан отоҳуллоҳу-л-мулка из қола Иброҳиму Раббийя-л-лази юҳйи ва юмиту қола ана уҳйи ва умит. Қола Иброҳиму фа инналлоҳа яъто би-ш-шамси мина-л-машриқи фаъти биҳо мина-л-мағриби фа буҳита-л-лази кафар. Валлоҳу ло яҳди-л қавма-з-золимин. 258.
258. Оё он шахсеро, ки бо Иброҳим дар боби Парвардигораш, бо сабаби он ки Аллоҳ ӯро (Намрудро) подшоҳӣ дода буд, бо ҳуҷҷат гуфтугӯ кард, надидӣ? Чун Иброҳим гуфт: «Парвардигори ман Он аст, ки зинда мекунад ва мемиронад». Он кофир гуфт: «Ман ҳам зинда мекунам ва мемиронам». Иброҳим гуфт: «Пас, ҳаройина, Худои ман Офтобро аз машриқ меорад, пас, ту онро аз (тарафи) мағриб биёр!» Пас, он кофир мағлуб шуд. Ва Худованд гурӯҳи ситамгорро ҳидоят намекунад.
Молу мулки дунё инсони бехирадро то андозае мағрур месозад, ки ҳатто даъвои худоӣ ҳам мекунад. Аз он ҷумла, рафтор ва даъвои Намруд, писари Канъон подшоҳи Бобули Ироқ, ки дар замони пайғамбарии Иброҳими Халилуллоҳ (а) подшоҳӣ мекард, инсони шунавандаро ба тааҷҷуб меорад. Он мағрур он мулку ҳашаматеро, ки Аллоҳтаъоло ба ӯ ато намуда буд, қадр накарда, вуҷуди Аллоҳи ягонаро инкор намуд. Ҳатто бо Иброҳими Халилуллоҳ (а) ҳуҷҷатронӣ намуда, аз Иброҳим (а) пурсид, ки Худои ту кист, ки ба сӯйи Ӯ моро даъват мекунӣ? Дар ин асно, Иброҳим (а) ба он тоғӣ гуфт: Парвардигори ман чунин Зотест, ки дар ҷасадҳо ҳаёт ва маргро халқ мекунад, танҳо Ӯ Парвардигори ҷамии оламҳост.
Намруди тоғӣ дар ҷавоб барои дар ғафлат нигоҳ доштани атрофиёнаш роҳи тазвир ва носаҳеҳро пеш гирифта гуфт: Қонуни ҳаёт ва марг дар дасти ман низ ҳаст, ман ҳам метавонам касеро зинда кунам ва касеро миронам. Барои исботи даъвои худ, тибқи ривояти Ибни Аббос (р) ҳилаеро ба кор бурда, фармон дод, ду нафари зиндоние, ки маҳкум ба қатл шуда буданд, ба наздаш оварданд. Амр намуд, то якеро ба қатл расонанд ва дигареро озод кунанд. Баъди чунин ҳодиса рӯ ба Иброҳим (а) оварда гуфт: Дидӣ, чӣ гуна ҳаёту мамот дар дасти ман аст? Ман ҳам якеро зинда гардонидам ва дигареро ба марг супоридам!
Иброҳим (а) барои беқувват сохтани ҳилаи ин бехирад, то ин ки ин душмани Худо натавонад мардуми соддаро ба фиреб андозад, далели дигареро ба майдон оварда, ба Намруд гуфт: Парвардигори ман Офтобро ҳар рӯз аз машриқ меоварад, агар ту рост мегӯӣ, ки бар ин ҷаҳон ҳоким ҳастӣ, худро худо мегӯйи, метавонӣ Офтобро ҳадди ақал як маротиба ҳам бошад, бо қудрати худ, аз тарафи мағриб биёварӣ!? Ин марди кофир инро аз Иброҳим (а) шунид, назди ин ҳуҷҷати боқувват лол шуда, ҷавоб дода натавонист, назди атрфиёни худ шармандаву хомӯш шуд. Афсӯс, ки ба ҷои имон овардан, боз дар куфр боқӣ монду саркашиашро зиёд намуд. Оре! Худованд ба шахсони куфрпешаю золим ҳангоми мунозира бо ҳаққ далелеро илҳом намекунад, онҳо мисли кару гунг менишинанд ва дигар илоҷеро наёфта, даст ба теғ мебаранд. Бо ривояте аз Садӣ (р) чунин моҷаро байни Иброҳим (а) ва Намруд (л) баъди аз оташ саломат берун омадани Иброҳим (а) воқеъ шуд.
Зайд ибни Аслам чунин гуфтааст: “Аллоҳтаъоло ба сӯйи ин подшоҳи золими худбин фариштаеро фиристод, то ӯро амр ба имон кунад, вале имон наовард. Бори дувум ва сеюм ҳам ӯро даъват ба имон кард, ӯ нахост. Ба ӯ гуфт, набошад ҳамаи қувваатро ҷамъ кун, ман ҳам ҳамаи қувваамро ҷамъ мекунам. Намруд (л) ҳамаи қувва ва лашкарашро вақти баромадани Офтоб ҷамъ намуд. Худованд ба муқобили лашкари Намруд (л) чунон пашшаи бисёрро равон кард, ки аз сиёҳии пашшаҳо чашм Офтобро дида наметавонист. Пашшаҳо гӯшту пӯсти онҳоро хӯрданду устухонашон гардониданд. Яке аз онҳо дар хайшуми (биннии) Намрду (л) даромад, муддатҳо он пашша ӯро азоб медод. Парасторонаш барои таскини Намруд (л) ба сараш мезаданд.”
Хулоса, Аллоҳтаъоло бо лашкари камқувваттарини худ онҳоро ҳалок сохт. Вақто ки сухан дар хусуси ҳаёт ва марг мера
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
вад, қиссаи дигареро ояти зер, баён кардааст.