Тафсири Сураи бакара Ояти 263 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 263
قَوۡلٞ مَّعۡرُوفٞ وَمَغۡفِرَةٌ خَيۡرٞ مِّن صَدَقَةٖ يَتۡبَعُهَآ أَذٗىۗ وَٱللَّهُ غَنِيٌّ حَلِيمٞ ٢٦٣
Қавлу-м маъруфу-в ва мағфиратун хайру-м мин садақати-й ятбаъуҳа азо. Валлоҳу Ғанийюн Ҳалим. 263.
263. Сухани мулоим гуфтан ва афв намудан беҳтар аз он садақаест, ки аз пайи он озор расонидан бошад. Ва Аллоҳ бениёзу бурдбор аст.
Албатта, ҳар чизе, ки инсон дар роҳи Аллоҳ садақа мекунад, барои наҷоти худи ӯст. Аллоҳтаъоло бо ин оят фармудааст, ки аз садақаи бо озор ва бо сухани бад додашаванда, сухани мулоим ва афв беҳтар аст. Яъне, одатан ҳоҷатмандон чизеро аз шахси сарватманд бо пофишорӣ, дар баъзе ҳолатҳо беодобона, талаб мекунанд. Дар ҳамин ҳол, шахси садақадиҳанда бояд густохӣ ва беодобии онҳоро афв кунад ва садақаро бо нармӣ ва хушрафторӣ диҳад. Агар чизе надошта бошад, ё надиҳад ҳам, беҳтар он, ки ба онҳо суханҳои дағал нагӯяд, онҳоро наранҷонад. Албатта, ҳар кореро, ки бандагон анҷом медиҳанд, хоҳ навозиши гадоён бошад, ё акси он, барои худ мекунанд, зеро Аллоҳтаъоло ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ надорад. Ӯ таъоло, чунин Зотест, ки дар баробари корҳои нодурусту носипоси бандагони худ бурдбору ҳалим аст. Яъне хилофу гуноҳ кунанд ҳам, дар азоб додану ба уқубат гирифтор намудани онҳо шитоб намекунад ва ризқашонро ҳам канда намекунад. Гадоён, агарчи аз назди ағниё дасти холӣ баргарданд ҳам, бояд бахшоиши Худовандро умедвор бошанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «