Тафсири Сураи бакара Ояти 264 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 264
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُبۡطِلُواْ صَدَقَٰتِكُم بِٱلۡمَنِّ وَٱلۡأَذَىٰ كَٱلَّذِي يُنفِقُ مَالَهُۥ رِئَآءَ ٱلنَّاسِ وَلَا يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۖ فَمَثَلُهُۥ كَمَثَلِ صَفۡوَانٍ عَلَيۡهِ تُرَابٞ فَأَصَابَهُۥ وَابِلٞ فَتَرَكَهُۥ صَلۡدٗاۖ لَّا يَقۡدِرُونَ عَلَىٰ شَيۡءٖ مِّمَّا كَسَبُواْۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٦٤
Йа айюҳа-л-лазина оману ло тубтилу садақотикум би-л-манни ва-л-азо ка-л- лази юнфиқу молаҳу риаа-н-носи ва ло юъмину биллоҳи ва-л-явми-л-охир. Фа масаалуҳу ка масаали сафвонин ъалайҳи туробун фа асобаҳу вобилун фа таракаҳу салдо. Ло яқдируна ъало шай-им мим мо касабу. Валлоҳу ло яҳди-л-қавма-л-кофирин. 264.
264. Эй касоне, ки имон овардаед, хайроти худро бо миннат ниҳодан ва озор додан табоҳ накунед, ҳамчун касе, ки моли худро барои нишон додан ба мардум харҷ мекунад ва ҳол он ки ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон надорад. Пас, кори ӯ монанди санги суфтаест, ки болои вай андак хоке бошад, пас бар вай борони бузург расад, пас ӯро сахту суфта гузорад. Аҳли риё аз он чӣ амал карданд, бар чизе тавоноӣ надоранд. Ва Аллоҳ гурӯҳи кофиронро роҳнамоӣ намекунад.
Ин мазмун бори севум аст, ки паи ҳам омада инсони нафақадиҳандаро мутлақо аз миннат ниҳодану озор додан барҳазар мекунонад. Аммо дар ояти мазкур хитоб ба мӯъминон намуда фармудааст, ки эй касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ имон овардаед, аҷри (савоби) садақаи худро бо расонидани миннату озор ҳабата (бесамар) нагардонед. Агар миннат мекунеду озор медиҳед, ин садақоту эҳсони шумо ба садақоти шахсоне монанд аст, ки онҳо на ба рӯ ба рӯ шудан ба Аллоҳ бовар доранду на ба рӯзи охират имон доранд. Зеро онҳо бо ин сарфи моли худ ситоиши мардумро ба худ ҷалб мекунанд, на ризои Аллоҳро.
Хулоса, шахсе моли худро барои риё ба масраф расонад, ба он монанд аст, ки инсоне болои тахтасанги калоне, ки солҳои дароз зери Офтоб сӯхтаву суфта шудааст, хок мекашонад, ӯро ҳамчун замин ҳисобида дон мепошад, то аз ӯ зироатеро ба даст орад, мутаъассифона, нохост борони селе меборад, тамоми он хоку донро мешӯяду мебарад ва сангро, ҳамчуноне ки буд, боқӣ мегузорад. Аз дасти он шахс ҳеҷ чизе намеояд ва қудрате ҳам надорад, то он хоку донро болои он санг нигоҳ дорад. Аллоҳтаъоло куфрро бо нафақаҳое бо миннату озору риё омехтаанд, дар як радиф қарор дода, дар охири оят фармудааст, ки Худованд аз гурӯҳи кофироне, ки бо ихтиёри худ роҳи куфр, миннат, риё ва озорро ихтиёр намудаанд, тавфиқу ҳидоятро мегирад ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намекунад. Ояти зер мисоли муқобили ин гурӯҳро, иншоаллоҳ, баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «