Сураи бақара Ояти 262 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 262 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 262

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ لَا يُتۡبِعُونَ مَآ أَنفَقُواْ مَنّٗا وَلَآ أَذٗى لَّهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٢٦٢

Ал-лазина юнфиқуна амволаҳум фи сабилиллоҳи сумма ло ютбиъуна ма анфақу манна-в ва ла аза-л лаҳум аҷруҳум ъинда Раббиҳим ва ло хавфун ъалайҳим ва ло ҳум яҳзанун.262. 

262. Ононе ки молҳои худро дар роҳи Худо ҳарҷ мекунанд, баъд аз нафақа кардан на миннатро паси он меоранд ва на изо мерасонанд, подоши онҳо назди Парвардигорашон аст ва тарсе бар онҳо нест ва онҳо андӯҳгин нашаванд.

Аллоҳтаъоло зимни ин оят, шахсонеро, ки дар роҳи ризои Аллоҳ нафақаҳо доданд ва баъди сарфи он бар шахсони гиранда миннат нагузориданд ва на ба қавл ва на ба амал онҳоро озор надоданд, таъриф намуда, фармудааст, ки барои чунин шахсони амалкунанда назди Парвардигорашон чунон аҷри (савоби) бузург аст, ки ҳеҷ чиз ба он баробар шуда наметавонад. Чунин ҷамоъаро даҳшати рӯзи қиёмат ҳам, ҳеҷ хавфе намерасонад. Аз ин дунёе, ки баъди онҳо мондааст, андӯҳгин ҳам нестанд. Зеро онҳо ба он мақоме расидаанд, ки аз дунё ва он чи дар дунё боқӣ гузоштаанд, ба маротибаҳо беҳтар аст. Ояти мазкур онҳоро итминон медиҳад, ки подошашон назди Аллоҳ хазина шудааст. Метавонанд бо итминони комил, бе миннату озор, дар ин роҳ қадамҳои баъдиашонро гузоранд. Зеро ҳар чи назди Парвардигор хазина шавад, ҳеҷ хатаре аз байн ӯро намебарад. Хулоса, миннат ниҳодан ва озор расонидан, савоби он садақоту нафақотро ботил мегардонад. Ислом дар ин бора ба қадре дақиқ аст, ки баъзе уламо гуфтаанд, ки агар ба шахсе хубие расонида бошӣ, агар салом додани ту боиси ёдоварии он хайрот шаваду ба ӯ гарон ояд, ба ӯ салом мадеҳ. Ман (миннат) – он амалест, ки шахсе эҳсонкунанда аз бахшишу эҳсони худ чунон сухан мекунад, ки мояи озори рӯҳии шахси гиранда мегардад, ки ин гуноҳи кабира аст.

Озо (изо додан) – он амалест, ки шахси эҳсонкунанда дар ҳолати сарфу бахшиш гирандагонро дашном медиҳад, фахрфурӯшию такаббурӣ мекунад ё ёдоварӣ бар гиранда мекунад. Ҳол он, ки гиранда намехоҳад, каси дигар аз ин амал огоҳ шавад.

Ояти зер ин муқаддимаро пурра мегардонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 261 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 263 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)