Маълумот дар бораи Офтоб

0

Офтоб аз ҳидроген (ҳидроген сӯзишвориест, ки пас аз сӯхтан ба ҳелий мубаддал мешавад) ва ҳелиӣ иборат аст. Ба гуфти олимон ба ҷуз аз ин, офтоб унсурҳои дигар – мисли ҷинсҳои кӯҳии дар замин бударо низ дорад. Азбаски ҳарорати офтоб ниҳоят баланд аст, онҳо на дар ҳолати сахтӣ, балки дар ҳолати моеъ вуҷуд доранд.

Маълумот дар бораи офтоб

Олимон мегӯянд, ки агар офтобро чун курра тасаввур намоем, он гоҳ радиуси он ба 696 000 километр баробар аст. Яъне, радиуси он аз замин 109 маротиба бузургтар мебошад. Он аз сайёраи мо 1. 300 000 маротиба калон ва вазнаш аз замин 133 000 маротиба зиёд аст.

Ҳангоми омӯхтани офтоб олимон қабатҳои зерин: қабати дохилӣ, ки ядро номида шудааст, қабати берунӣ – фотосфера ва сатҳи он, ки фотосфераро иҳота кардааст – хромосфераро ба инобат гирифтаанд.

Пас аз хромосфера тоҷи офтоб ҷойгир аст, ки қисми шуоъдори онро ташкил мекунад. Қисми дохилии офтоб – ядроро мушоҳида намудан аз имкон берун аст. Аммо олимон дар натиҷаи таҳқиқот ба воситаи формулаҳои мураккаб муайян намуданд, ки ҳарорати ядрои он 15 миллион градус аст. Ҳарорати фотосфера 6 000 ва қисми болоии он 100 000 градус мебошад.

Мақолаи қаблӣМоҳиҳои хушкигард
Мақолаи баъдӣҚонунҳои хандаовари мамлакатҳо

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед