Тафсири Сураи бакара Ояти 266 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 266
أَيَوَدُّ أَحَدُكُمۡ أَن تَكُونَ لَهُۥ جَنَّةٞ مِّن نَّخِيلٖ وَأَعۡنَابٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ لَهُۥ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَأَصَابَهُ ٱلۡكِبَرُ وَلَهُۥ ذُرِّيَّةٞ ضُعَفَآءُ فَأَصَابَهَآ إِعۡصَارٞ فِيهِ نَارٞ فَٱحۡتَرَقَتۡۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُمۡ تَتَفَكَّرُونَ ٢٦٦
А-явадду аҳадукум ан такуна лаҳу ҷаннату-м мин-н-нахили-в ва аънобин таҷри мин таҳтиҳа-л анҳору лаҳу фиҳо мин кулли-са-саамароти ва асобаҳу-л-кибару ва лаҳу зуррийятун Зуъафау фа асобаҳа иъсорун фиҳи норун фаҳтарақат. Казолика юбаййинуллоҳу лакуму-л-ойоти лаъалла- кум татафаккарун. 266.
266. Оё яке аз шумо дӯст медорад, ки ӯро боғе аз дарахтони хурмо ва ангур бошад ва аз зери дарахтони он ҷӯйҳо равон бошанд ва дар он боғ аз ҳар ҷинс меваҳо низ бошанд ва ӯро калонсолӣ расида бошад ва ӯро авлоди нотавон бошад, пас дар ин ҳолат он боғро гирдбоде расад, ки дар он оташ бошад, пас, он боғро пок бисӯзад? Ҳамчунин баён мекунад Аллоҳтаъоло барои шумо оятҳоро, то шояд, ки шумо бияндешед.
Дар ояти мазкур Аллоҳтаъоло барои шахсоне, ки нафақа ва садақоти худро бо риё, миннат ва озор олуда мекунанд ва савоби амалҳои худро барбод медиҳанд, зарбулмасали хуберо мисол оварда фармудааст, ки оё яке аз шуморо боғе бошад, ки дар он боғ дарахтони хурмо, ангурҳои гуногун бошанд, зери онҳо ҷӯйҳои об ҷорӣ бошанд ва меваҷоти дигар ҳам бошад. Соҳиби он боғ ба кӯҳансолӣ расида, дигар бар касбе қодир набошад ва фарзандони хурдсоле дошта бошад, ки онҳо низ бар касбу коре қодир набошанд. Дар ҳамин асно, гирдбоде, ки дар он оташи сӯзон бошад, биёяду боғро якбора сӯзонад, на дарахт монаду на меваҳо. Соҳиби он боғ ва фарзандони ӯ ба он меваҳо мӯҳтоҷ бошанд. Ин ҳодисаи ногаҳониро соҳиби боғ магар дӯст медорад? Оё розӣ шуда метавонад? Оё умри ӯ дигар кифоя мекунад, то он боғро аз нав бисозад? Ҳаргиз! Чунин аст, ҳоли касоне, ки амалҳои некро анҷом медиҳанд, заҳмати фаровоне мекашанд, мутаассифона, бо оташи гирдбоди риё, сумъа, миннат, озор, ҳамаи онро сӯзонда, дар он рӯзе, ки ниёз ба натиҷаи он доранд, ҳамаро хокистар мебинанд.
Ҳоким дар китоби “Мустадрик” ҳадисеро аз Расулуллоҳ (с) ривоят кардааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Аллоҳуммаҷаъл авсаъа ризқика ъалаййа ъинда кибари синнӣ ва инқизои умрӣ”. «Ай бор илоҳо, назде (вақте), ки кӯҳансол мешаваму умрам ба охир мерасад, ризқи васеъатро бар ман арзонӣ дор».
Аллоҳтаъоло дар охири оят фармудааст, ки мо ин қиссаҳо ва мавъизаҳои ибратбахшро барои шумо, бандагон зикр намудем, то шояд, шумо бо тадаббур фикру андеша кунед ва дар он чи ба масраф мерасонед, ихлосро ҳамроҳ кунед ва аз ин мисолҳо ибрат гиред!
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «