Сураи бақара Ояти 270 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 270 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 270

وَمَآ أَنفَقۡتُم مِّن نَّفَقَةٍ أَوۡ نَذَرۡتُم مِّن نَّذۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُهُۥۗ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٍ ٢٧٠

Ва ма анфақтум-м мин-н-нафақатин ав назартум-м мин-н-назрин фа инналлоҳа яъламуҳ. Ва мо ли-з-золимина мин ансор. 270. 

270. Ва он чӣ аз хайрот харҷ кардед ва ё бар худ чизеро назр кардед, ҳаройина, Худо онро медонад. Ва ситамгаронро дар он рӯз ҳеҷ ёридиҳандае нест.

Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур мӯъминонро ваъдаи хубе дода фармудааст, ки он чиро, ки шумо мӯъминон дар роҳи Аллоҳ сарф намудед, ё чизеро кам аст, ё зиёд назр мекунед, Аллоҳ медонад, аз ҷузъиёту куллиёти он бохабар аст ва мувофиқи он, балки зиёдтар, шуморо подоши нек медиҳад. Аммо шахсоне, ки тоати Худоро намекунанд, хабарҳои Ӯ таъолоро дурӯғ меҳисобанд, дар ҳолати ибодат, сарфи мол, адои назрҳо ғайри Аллоҳро дар назар доранд, закотро манъ месозанд, молҳои худро дар роҳи гуноҳ сарф мекунанд, золиманд. Чунин нафақаҳо дар охират на ёварашон мешавад ва на ягон ёридиҳандае барои онҳо ҳаст, ки онҳоро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад.

Назр дар истилоҳи шариат бар худ лозим гардонидани тоатест, ки Аллоҳтаъоло иҷрои онро ҳатмӣ нагардонидааст. Чунин инсон барои чунин тоъатҳо бо калимаи “назр” аҳду паймон баста, бар худ онро лозим мегардонад, вафо бар ӯ воҷиб аст.

Масалан, шахсе гӯяд, ки агар дӯсти ман ояд, бар ман се рӯз рӯза доштан “назр”. Агар дӯсташ омад, бар ӯ воҷиб аст, ки ба аҳди худ вафо кунад. Ҷумҳури уламо иттифоқ ба он доранд, ки шахсе амали савобро бар худ назр гардонад, вафои он мисли вафои қасам воҷиб аст. Хулоса “назр” бар ду қисм аст:

1-ум. Агар назр барои тоъати Аллоҳ азза ва ҷалла бошад, ҳатман вафои он воҷиб аст.

2-юм. Агар назр ба кори гуноҳе бошад, ин кори шайтон аст, вафои он воҷиб нест, балки ба ҷои вафо ва гунаҳкор шудан, мисли қасам каффорат диҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 269 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 271 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)