Сураи бақара Ояти 271 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 271 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 271

إِن تُبۡدُواْ ٱلصَّدَقَٰتِ فَنِعِمَّا هِيَۖ وَإِن تُخۡفُوهَا وَتُؤۡتُوهَا ٱلۡفُقَرَآءَ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۚ وَيُكَفِّرُ عَنكُم مِّن سَيِّ‍َٔاتِكُمۡۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ٢٧١ 

Ин тубду-с садақоти фа ниъиммо ҳи. Ва ин тухфуҳо ва туътуҳа-л-фуқароа фа ҳува хайру-л-лакум. Ва юкаффиру ъанкум-м мин саййиотикум. Валлоҳу би мо таъмалуна хабир.271. 

271. Агар хайротро ошкоро кунед, пас, он чиз некӯ аст. Ва агар онро пинҳонӣ кунед ва онро ба фақирон бидиҳед, пас, ин барои шумо беҳтар аст. Ва дур созад аз шумо баъзе гуноҳони шуморо. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.

Ояти мазкур ду навъ адо намудани садақотро таълим додааст. Агар дар ҳар ду сурат садақот дода шавад, фоидаи хоссе вуҷуд дорад. Масалан, садри оят фармудааст, ки агар шумо садақоту хайроти худро ошкор адо кунед, бисёр кори хубу шоиста аст, ҳеҷ эроду ишколе надорад. Яъне, агар садақоти воҷиба мисли закот, назр, ушр, садақаи фитр ва ғайра бошад, барои аз худ дур сохтани тӯҳмат, то ин ки ташвиқу таълими дигарон шавад, бисёр хуб аст, ки ошкоро диҳад. Агар садақот мустаҳабӣ бошад, пинҳонӣ ба фуқаро дода шавад, аз ошкоро додан, ин беҳтару афзал аст. Зеро дар пинҳон додани садақот фоидаҳои бисёр аст. 

Агар садақотро махфиёна адо кунед, аз риё дур аст. Махсусан, агар кӯмаки маҳрумон бошад. Ё агар барои шахсони обрӯманд, махфиёна адо шавад, обрӯи онҳо беҳтар ҳифз мешавад. Давоми оят фармудааст, ки агар шумо садақоти худро бо ин ду навъ бо ихлос адо кунед, қисмате аз гуноҳони шумо омурзида мешавад. Донистани мардум ё надонистани онҳо аҳамияте надорад. Зеро Аллоҳтаъоло аз нияти садақотдиҳанда ба чӣ навъе, ки бошад, хоҳ ошкоро, хоҳ махфӣ, хабардор аст. Он чи муҳим аст, он илми Худост, зеро Ӯст, ки аз ниҳону ошкоро бохабар аст. 

Дар ҳадиси шариф аз Язид ибни Ҳорун ва дар охир аз Анас ибни Молик (р) аз Паёмбари Аллоҳ (с) чунин ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: “Вақто ки Аллоҳтаъоло Заминро халқ намуд, Замин меҷунбид, вақто ки кӯҳҳоро болои ӯ халқ намуд, ӯ қарор ёфт. Аз ин амали Аллоҳтаъоло фариштагонро тааҷҷуб омад, гуфтанд:” Ай Парвардигори мо, оё дар махлуқоти худ аз кӯҳ дида, махлуқе сахттар аст? Гуфт: “Оре! Оҳан.” Гуфтанд: Ай Парвардигори мо, аз оҳан дида махлуқи сахттаре ҳаст? Парвардигор гуфт: “Оре! Оташ.” Фариштагон гуфтанд: Аз оташ дида махлуқе сахттар ҳаст? Парвардигор гуфт: “Оре! Об!” Фариштагон гуфтанд: Ай Парвардигори мо, оё махлуқе сахттар аз об ҳаст? Парвардигор гуфт: “Оре! Шамол!” Фариштагон гуфтанд: Ай Парвардигор, аз шамол дида махлуқи сахттаре ҳаст? Парвардигор гуфт: “Оре, садақаи писари Одам, ки бо дасти рости худ медиҳаду аз дасти чапаш махфӣ нигоҳ медорад.”

Дар ҳадиси дигаре омада, ки пинҳонӣ садақа додан ғазаби Парвардигорро паст менишонад. Дар ҳадиси дигаре омада, ки пинҳон додани садақоти нафлӣ, нисбат ба ошкор додани он 70 маротиба савоби зиёд дорад. Аммо ошкор додани садақоти фарзӣ, нисбат ба пинҳон додани он, 25 баробар савоби зиёд дорад. Аллоҳ донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 270 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 272 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)