Тафсири Сураи бакара Ояти 272 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 272
لَّيۡسَ عَلَيۡكَ هُدَىٰهُمۡ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يَشَآءُۗ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَلِأَنفُسِكُمۡۚ وَمَا تُنفِقُونَ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ
وَجۡهِ ٱللَّهِۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ يُوَفَّ إِلَيۡكُمۡ وَأَنتُمۡ لَا تُظۡلَمُونَ ٢٧٢
Лайса ъалайка ҳудоҳум ва локинналлоҳа яҳди ма-й-яшаъ. Ва мо тунфиқу мин хайрин фа ли анфусикум. Ва мо тунфиқуна иллабтиғоа ваҷҳиллоҳ. Ва мо тунфиқу мин хайри-й юваффа илайкум ва антум ло тузламун. 272.
272. (Эй Муҳаммад,) ҳидояти онҳо бар ту лозим нест, валекин Аллоҳ ҳидоят мекунад ҳар киро хоҳад. Ва он чӣ аз хуби (мол)-ҳо харҷ кардед, барои худатон аст. Ва харҷ накунед, магар барои талаби рӯ (ризо)-и Худо. Ва он чӣ аз мол харҷ кардед, ба таври комил ба сӯйи шумо баргардонида мешавад. Ва шуморо ситам карда намешавад.
Сабаби нузули ин оятро муфассирони киром аз Саъд ибни Зубайр ва аз Ибни Аббос (р) чунин ривоят кардаанд, ки қабл аз нузули ин оят Расулуллоҳ (с) ба ғайри аҳли ислом дигар ба касе, то имон наоранд, садақа доданро манъ намуда буд, то шояд онҳо ҳидоят шаванду имон оранд. Воқеъан, чуноне ки дар ояти 6-уми сураи «Мумтаҳина» баён шудааст, хешовандони баъзе саҳобагон, ки то ҳол мушрик буданд, аз рӯи тангдастӣ ба Мадина наздашон омаданд. Саҳобагон мисли Асмоъа (р) аз ёрии онҳо, то аз Расулуллоҳ (с) напурсиданд, худдорӣ намуданд. Вақто ки ҳукми ин масъаларо аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд, Расулуллоҳ (с) бо ҳукми ин ояти нозилшуда барои нафақаи онҳо иҷозат фармуд. Ҳукми ояти мазкур, агарчи дар он хитоб ба Расулуллоҳ (с) бошад, ҳам локин ба таври умум барои додани садақоти нофила, ҳамаи мусалмононро шомил аст.
Хулоса, ба таври куллӣ дар оятҳои гузашта, дар роҳи Аллоҳ нафақа додан, эзоҳи худро ёфта буд. Аммо аз ояти мазкур чунин маълум мешавад, ки додани нафақаи нафлӣ барои бенавоёни ғайри ислом, набояд тарк шавад. Чунончи, Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби худ (с) фармудааст, ки ҳидояти мушрикон бо таври фишор ва иҷборӣ, то ин ки имон биёранд, бар ту, эй ҳабибам, лозим нест. Кори шумо фақат таблиғ асту халос. Худованд ба дини Ислом касеро хоҳаду шоиста донад, ҳидоят мекунад. Баъдан аз нафақа додан дар роҳи Аллоҳ, ёдовар шуда, фармудааст: Ҳар он чиро, ки (молеро, ки) шумо дар роҳи ризои Аллоҳ садақа медиҳед, кам бошад ё зиёд, нафъу савоби он барои худи шумост. Ҳеҷ суде барои Аллоҳ нест, зеро Ӯ таъоло бениёз аст. Нафақа ва ҳамон садақот сазовори мақбул аст, ки барои ризои Аллоҳ бошад. Худованд бори дигар дар охири ояти мазкур таъкидан фармудааст, ки ҳар он чиро, ки шумо дар роҳи ризои Аллоҳ садақа медиҳед, аҷру савоби он, ё худи он, барои шумо дар рӯзе, ки шадидан ба он мӯҳтоҷ мегардед, бо пуррагӣ, бо маротибҳои зиёд баргардонида мешавад. На савоби амали шуморо кам намуда ва на ба шумо ситамеро раво дида мешавад.
Хулоса, ҳар инсони ҳоҷатманд қатъи назар аз дин, чизеро талабад ба қадри тоқат, чунонеки дар ҳадис меояд, аз садақоти нофила, кӯмак бояд намуд. Дар «Саҳеҳайн» аз Аби Занод ва ӯ аз ал-Аъраҷ ва ӯ аз Абӯҳурайра (р) ривояте омада, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд:
Марде буд, ки гуфт: “Албатта, ин шаб садақаеро пинҳонӣ медиҳам.” Дар воқеъ бо садақаи худ шаб баромад. Ӯро ба касе дод. Саҳар маълум шуд, ки ӯ зинокор будааст. Садақадиҳанда гуфт: “Худоро шукр, бигзор ба зинокор адо шуда бошад, ман албатта, боз ин шаб ҳам садақа медиҳам.” Вақто ки садақаи худро шаб ба касе адо кард, саҳар маълум шуд, ки ба дасти инсони бой фаромадааст. Мард гуфт: “Худоро шукр, ки нафақаи ман ба ғание фаромадааст. Боз ин шаб ҳам, албатта, садақаеро медиҳам.” Ин шаб ҳам баромад, садақаи худро ба касе дод. Саҳар мардум гуфтанд, ки шумо имшаб садақаи худро ба дузде додаед. Гуфт: “Худоро шукр, ки нафақаи додаи ман шаби аввал ба дасти зинокор ва шаби дувум ба дасти бой ва шаби севум ба дасти дузде фаромад.” Дар ҳамин асно, аз ҷонибе ба ӯ гуфта шуд: Дар ҳақиқат садақоти шумо ба даргоҳи илоҳӣ қабул шуд, аммо аз ба дасти зинокорзан фаромадани садақоти шумо фоидааш ин аст, ки шояд ӯ аз зинокорӣ монад. Ва шояд, ки одами бой аз моли худ садақа доданро аз шумо ибрат гираду он ҳам садақа диҳад. Ба дасти дузд фаромадани садақоти шумо ин аст, ки шояд он дузд ҳам аз дуздӣ монад. (Ибни Касир).
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «