Тафсири Сураи бакара Ояти 273 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 273
لِلۡفُقَرَآءِ ٱلَّذِينَ أُحۡصِرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ لَا يَسۡتَطِيعُونَ ضَرۡبٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ يَحۡسَبُهُمُ ٱلۡجَاهِلُ أَغۡنِيَآءَ مِنَ ٱلتَّعَفُّفِ تَعۡرِفُهُم بِسِيمَٰهُمۡ لَا يَسَۡٔلُونَ ٱلنَّاسَ إِلۡحَافٗاۗ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٌ ٢٧٣
Лил фуқарои-л-лазина уҳсиру фи сабилиллоҳи ло ястатиъуна Зарбан фи-л-арЗи яҳсабуҳуму-л-ҷоҳилу ағнийаа мина-т-таъаффуфи таърифуҳум би симоҳум ло яс-алуна-н-носа илҳофо. Ва мо тунфиқу мин хайрин фа инналлоҳа биҳи Ъалим. 273.
273. Садақот барои он фақироне аст, ки дар роҳи Худо банд карда шудаанд, дар замин сафар карда наметавонанд, шахси нодон онҳоро ба сабаби тамаъ накарданашон тавонгар мепиндорад. Вале ту ононро ба сабаби он ки аз мардум молро бо исрор (доим) савол намекунанд, аз қиёфаашон мешиносӣ. Ва он чӣ аз мол харҷ кунед, пас ҳаройина, Аллоҳ ба он доност.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур беҳтарин навъ ва беҳтарин ҷои сарфи садақотро ба шахсоне, ки онҳо дорои се сифатанд, эълом фармудааст. Баъзе аз муфассирон саҳобагони “аҳли суфа”-ро дорои ин се сифат донистаанд, ки онҳо ба таври дастҷамъӣ шаб ва рӯз дар масҷиди набавӣ зиндагӣ мекарданд ва ба ибодат машғул буда, муштоқона дар тамоми ғазоҳо довталаб мешуданд. Баъзе аз муфассирон шахсонеро, ки муҳоҷир шуда ба назди Расулуллоҳ (с) ба Мадина омаданду онҳо низ фақиранду худро барои ғазои фӣ сабилиллоҳ омода карда, аз касбу кор нафсҳои худро манъ кардаанд, дорои ин сифатҳо донистаанд. Ба ҳар тақдир, Худованд фармудааст, ки нафақа ва садақоти шумо бояд ба шахсоне расад, ки онҳо доимо ба ҳимояи дину ватан машғуланд, ё алайҳи душман барои ғазо омодагӣ мебинанду тиҷорат, ё зироат, ё дигар касб карда наметавонанд. Сифати дувуми онҳо ин аст, ки аз ҷиҳати бисёр покизанафсӣ фақри худро пеши ҳеҷ кас зоҳир намекунанд. Шахсони нодон ва аз ҳоли онҳо бехабар, онҳоро беҳоҷат мепиндоранд. Аммо соҳибони хираду фаросат ҳоҷатмандии онҳоро бо мулоҳиза, аз симою тавозӯъашон мешиносанд. Сифати дигари чунин шахсон ин аст, ки аз мардум чизеро асло бо исрор, пай дар пай намепурсанд, агар пурсанд ҳам, чандон гарданкаҷӣ намекунанд, ё чизе мепурсанд, то ин ки мардум рад накунанду аз растагорӣ боз намонанд.
Хулоса, онҳо бо суханҳои дилфиреб, аз мардум чизеро талаб надоранд. Дар охири оят Аллоҳтаъоло боз ҳамагонро ба нафақа додан ва ҳар гуна хайрот ташвиқ намуда, фармудааст, ки аз ҳар моле, ки дар роҳи ризои Аллоҳ нафақа (сарф) мекунед, Худованд огоҳ аст ва дар ивази он беҳтарин подошро медиҳад. Худованд аз ниятҳои пинҳонӣ огоҳ аст, муносиб бо ният ва кӯшиш нафақадиҳандагонро баҳраманд месозад. Ҳадиси Расулуллоҳ (с) аст, ки шахсе, ки миқдори кифоякунанда мол дораду боз аз мардум мепурсад, фардо рӯзи қиёмат асари он чизи савол кардааш, дар башараи ӯ ҳувайдост. Аз ин ҷост, ки сарфи садақоти фарзӣ ба тавонгарон дуруст нест. Бояд тавонгарон аз дастмузди худ хӯранд. Уламо гуфтаанд, агар зарурат набошад, гадоӣ ҳаром аст. Чунки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: “Садақа барои шахсони сарватманд ва касе, ки қувваи кор дораду солимулаъзо аст, раво (ҳалол) нест.”
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «