Сураи бақара Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 3

ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣ 

Ал-лазина юъминуна би-л-ғайби ва юқомуна-с-салота  ва мим мо разақноҳум  юuфиқун. 3.

3. Он касоне ки ба ғайб (надида) имон меоранд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи онҳоро рӯзӣ додаем, нафақа (харҷ) мекунанд.

Сифати дигари шахсони тақводор ин аст, ки ба ончи, ки онҳоро бо чашм намебинанд, локин вуҷуд доштану ба вуқӯъ омадани онҳоро аз Пайғамбари Аллоҳ (с) ва Қуръони карим шунидаанд, ба мисли мавҷуд будани Худои ягона, зинда гардонидани баъд аз миронидан, ҷаннат, нор, (оташи дӯзах) сирот, ҳисоб, фариштагон, рӯзи қиёмат ва ғайра боварии комил доранд. Илова бар ин тақводорон касоне ҳастанд, ки намозро бо тамоми қоидаҳояш барпо медоранд.

Сифати севуми тақводорон ин аст, ки он чи Аллоҳтаъоло ба онҳо аз молу дороӣ додааст, барои худ ва аҳли оила, инчунин дар роҳи ризои Ӯ таъоло бо додани садақа, закот, ушр ва дигар нафақаҳои ихтиёрӣ харҷу сарф мекунанд. 

Хулоса, касе ки ба ғайб имон меорад, намозро барпо медорад ва аз ризқу рӯзие, ки Аллоҳтаъоло ба ӯ арзонӣ доштааст, ба ниёзмандон хайр мекунад, ӯ шахси муттақиву парҳезгор аст. Парвардигоро, чунин бандагони солеҳ дар миёни мову шумо бешумор бошанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)