Тафсири Сураи бакара Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 2
ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ ٢
Золика-л-китобу ло райба фиҳ. Ҳуда-л лил муттақин. 2.
2. Ин (Қуръон) китобе аст, ки дар он ҳеҷ шубҳае нест, барои парҳезгорон раҳмат аст.
Яъне эй Муҳаммад (с), ин китобе (Қуръон)-ро, ки ба ту нозил намудем, китобест, ки бешак, аз ҷониби Аллоҳтаъоло ба ту фиристода шуда, дар ҳақ будани он ягон шубҳа вуҷуд надорад. Он барои шахсони парҳезгор ҳам ҳидоят асту ҳам раҳмат. Парҳезгорон касонеанд, ки амрҳои Парвардигори худро ба ҷо меоранд, аз манъиёт (манъшудаҳо) худдорӣ мекунанд. Яъне аз Қуръони карим онҳое ҳидоят меёбанду баҳравар мегарданд, ки тақводор бошанд. Маълум мешавад, ки шахсе дар дил тақво (тарси Худо)-ро намепарварад ӯ ҳидоят намеёбад. Агар касе аз Қуръон ҳидояту роҳи исломро ёбад, маълум мешавад, ки дар дили ӯ тақво вуҷуд доштааст.
Оятҳои баъдӣ сифати шахсони ботақворо баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «