Тафсири Сураи бакара Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 7
خَتَمَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَعَلَىٰ سَمۡعِهِمۡۖ وَعَلَىٰٓ أَبۡصَٰرِهِمۡ غِشَٰوَةٞۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ ٧
Хатамаллоҳу ъало қулубиҳим ва ъало самъиҳим. Ва ъала абсориҳим ғишоваҳ. Ва лаҳум ъазобун ъазим. 7.
7. Аллоҳ бар дилҳои онҳо ва бар гӯшҳояшон муҳр ниҳодааст ва бар чашмҳои онҳо пардаест ва онҳоро азоби бузурге дар пеш аст.
Аллоҳтаъоло дар дили шахсоне ки дар дунё куфрро ихтиёр карданд ва аз он кофир мераванд, чунон мӯҳре ниҳодааст, ки барои ба он ворид шудани нури имон роҳ нест. Чун дили чунин шахсон маъвои нури имон нест, пас соҳиби он ҳаргиз аз куфр халосӣ надорад. Инчунин Ӯ таъоло дар гӯшҳои онҳо мӯҳр задааст, ки ҳарфи ҳақро намешунаванд. Чашми онҳоро пардае пӯшидааст, ки роҳи ҳидоятро намебинанд. Яъне барои чунин одамон мафҳуми ҳидоят ёфтан як чизи тамоман бегона аст.
Бинобар ин, Аллоҳтаъоло дар охират барои чунин шахсон азоби шадиди тамомнашавандаро муқаррар кардааст. Зеро некӯии охират барои тақводорон аст, на барои туғёнгарон.
Ибни Абӯ Ҳотим аз Ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки саҳобаҳо аз пайғамбари Аллоҳ (с) пурсиданд: Ай Расули Аллоҳ, мо Қуръонро тиловат намуда, барои худ чизе мехоҳему орзу мекунем ва чун тиловатро хотима мебахшем, аз оятҳои баъдӣ моро як ҳисси навмедӣ фаро мегирад, чӣ кор бояд кунем? Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҷавоби савол бо савол ҷавоб гуфтанд: Оё барои шумо аҳли Дӯзах ва аҳли Ҷанннатро баён намоям? Асҳоб дар ҷавоб гуфтанд: Оре! Расулуллоҳ (с) аз ояти якуми сураи «Бақара”, яъне “Алиф, Лом, Мим” то калимаи “Муфлиҳун” тиловат намуданд ва гуфтанд, ки ин барои аҳли Ҷаннат аст. Асҳоб гуфтанд: Мо умед дорем, ки аз ин шумор бошем. Боз Расулуллоҳ (с) аз “Инналлазина кафару … ” то “Азобун азим” хонда гуфтанд, ки ин гурӯҳ аз аҳли Дӯзаханд. Асҳоб инро шунида пурсиданд: Мо аз ин гурӯҳ нестем-а?… Пайғамбар (с) гуфтанд: Оре! Шумо аз ин зумра мардум нестед. Зеро накӯии охират барои тақводорон аст, на барои туғёнгарон.
Аз маънои оятҳо маълум мешавад, ки аввали сура аз сифати мӯъминон хабар дод ва баъди он шахсони кофирро барои мо маълум намуд. Акнун дар оятҳои зер аҳволи мунофиқон эзоҳ меёбад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «