Тафсири Сураи бакара Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 8
وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَبِٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَمَا هُم بِمُؤۡمِنِينَ ٨
Ва мина-н-носи ма-й яқулу оманно биллоҳи ва би-л- явми-л-охири ва мо ҳум би муъминин. 8.
8. Аз мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба Аллоҳ ва ба рӯзи охират имон овардем» ва ҳол он ки онҳо муъмин нестанд.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур чеҳраи мунофиқонро ошкор намуда фармудааст, ки як зумра мардумонанд, ки бо забони худ иқрор мешаванд, ки мо ба ягонагии Аллоҳтаъоло ва барҳақ будани фиристодаи Ӯ – Муҳаммад (с) ва ба китоби Раббонӣ будани Қуръон ва ба рӯзи охират боварӣ дорему он ҳамаро тасдиқ мекунем. Лекин Аллоҳтаъоло дар давоми оят фармудааст, ки чунин афрод на ҳақиқатро тасдиқкунандаанду на мӯъминанд. Зеро онҳо ин суханро танҳо ба забон мегӯянд на аз самими қалб, яъне онҳо гуфтаҳои худро бо қалб тасдиқ намекунанд. Ин тоифаеро, ки забонашон хилофи ботинашон аст, мунофиқ мегӯянд. Мунофиқ шахсест, ки барои манфиати хеш гоҳо тарафи мӯъминон ва гоҳо тарафи кофирон майл мекунад.
Ояти зер симои мунофиқро боз ҳам равшантар месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «