Тафсири Сураи бакара Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 6
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡهِمۡ ءَأَنذَرۡتَهُمۡ أَمۡ لَمۡ تُنذِرۡهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ٦
Инна-л-лазина кафару саваун ъалайҳим а-анзарта- ҳум ам лам тунзирҳум ло юъминун. 6.
6. Ҳаройина, ононе ки кофир шуданд, баробар аст бар онҳо, ки тарсонӣ онҳоро ё натарсонӣ онҳоро, имон наёранд.
Яъне онҳое, ки оятҳои китоби Раббониро инкор намуда, ба расули Аллоҳ будани Муҳаммад (с) билкул боварӣ надоранд, онҳо кофиршудагонанд. Эй Муҳамммад (с), ту онҳоро бо омадани рӯзи қиёмат тарсонӣ ё натарсонӣ, баробар аст, яъне онҳо имон намеоранд ва ба ту бовар ҳам нахоҳанд кард. Имон овардани онҳоро интизор мабош ва барои ин ҳасрат ҳам макун. Зеро барои шахсони куфурро интихоб карданд ҳуҷҷату бурҳон барои онҳо коргар нест ва имон нахоҳанд овард. Ба хотири ин ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «