Сураи Балад Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Балад Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Балад Ояти 10

وَهَدَيۡنٰهُ النَّجۡدَيۡنِ‌ۚ ١٠

Ва ҳадайнаҳу-н-наҷдайн. 10.

10. Ва оё ӯро ду роҳ (хайру шар) ҳидоят накардем?

Дар шарҳи ин оят муфассирон ақидаҳои мухталиф доранд. Ағлаби онҳо бар ин ақидаанд, ки мурод аз ду роҳ роҳи хайр ва роҳи шарр аст, ки пеши инсон гузошта шудааст ва ӯ аз рӯйи ақлу фитрат якеро интихоб мекунад. Тафсили он ду роҳ ба воситаи Паёмбарон (с.) сурат мегирад. Дар тафсири се ояти боло уламо чунин ҳадиси қудсиро меоранд: Пайғамбар (с.) фармуд, ки Аллоҳтаъоло мегӯяд: “Эй писари Одам, ман ба ту неъматҳои бешумор додам, ки инсон шукри ин неъматҳои бузургро ба ҷо оварда наметавонад. Яке аз он ду чашми бино аст. Онро ба ту додам ва назар кун ба он чизе, ки бароят ҳалол ҳукм кардам ва чун дидӣ чизеро, ки бароят ҳаром фармудам, пас, бипӯш чашматро” ва ҳамин тавр вазифаи ҳар як аъзоро номбар карданд.

Хулоса, ҳар инсони соҳибақл худаш роҳи савобу хаторо дарк мекунад. Оё месазад, ки инсон дар муқобили чунин неъматҳо ба ҷойи шукрона мисли Аби Ашад ибни Калдат бо сарфи молу сарват бар зидди Ислому мусулмонон душманӣ варзад? Оё ӯ аз ақабаҳо (гузаргоҳи сахт) гузаштааст?:..


Рӯйхати оятҳои Сураи Балад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Балад Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Балад Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)