Ҳаром будани закот бар “Аҳли байт”
Гирифтани закоти моли мардум барои табақаи хос ва хосулхос “Аҳли байт” ҳаром аст. Далели ҳаром будани садақа барои табақаи хоси аҳли байт ривояти “Саҳеҳи Муслим” аст, ки дар он Пайғамбар (с) ба амакзодаҳояш писарони Рабиъа ибни Ҳорис ва Аббос ибни Абдулмуталиб чунин гуфтааст:
«إِنَّ الصَّدَقَةَ لَا تَنْبَغِي لِآلِ مُحَمَّدٍ إِنَّمَا هِيَ أَوْسَاخُ النَّاسِ”. (كذا في صحيح مسلم -2/ 753)
“Ҳамоно садақа (моли закот) барои Оли Муҳаммад лоиқ нест, ҷуз ин нест ки он чирки моли мардум аст”.
Далели ҳалол набудани моли закот барои табақаи хосулхоси “Аҳли байт” ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади саҳеҳ аст, ки дар он Пайғамбар (с) ба наберааш Имом Ҳасан, ҳангоме кудак буданаш як донаи хурмои аз моли закотро ба даҳонаш дохта буд, чунин гуфтааст:
“كِخْ كِخْ،.فَإِنَّا لَا تَحِلُّ لَنَا الصَّدَقَةُ “ .(كذا في مسند أحمد ط الرسالة -15/ 453-9728 -.إسناده صحيح)
“Ких-ких! Ҳамоно барои мо садақа (моли закот) ҳаром аст”.
Аммо дар мавриди ҳалол будани гирифтани закот барои ҳамсарони Пайғамбар (с) ривоятҳо мухталиф омадаанд. Ба таври мисол дар ривояти “Мусаннафи Ибни Абушайба” (2/429/10708) бо санади саҳеҳ омадааст, ки модари муъминон ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо моли закотро рад кардаву гуфтааст, ки барои мо аҳли байт садақа, яъне моли закот ҳаром аст.
Аммо дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” (41/29/24480) бо санади саҳеҳун лиғайриҳи омадааст, ки модари муъминон Оиша разияллоҳу анҳо моли закотро рад кардааст ва сипас чизеро ба ёд оварда чунин гуфтааст:
“قَالَتْ:رُدُّوهُ عَلَيَّ، فَرَدُّوهُ، فَقَالَتْ: إِنِّي ذَكَرْتُ شَيْئًا قَالَهُ لِي رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ:”يَا عَائِشَةُ، مَنْ أَعْطَاكِ عَطَاءً بِغَيْرِ مَسْأَلَةٍ، فَاقْبَلِيهِ، فَإِنَّمَا هُوَ رِزْقٌ عَرَضَهُ اللهُ لَكِ”. (كذا في مسند أحمد -41/ 29-24480 – صحيح لغيره،).
“Шахси моли закот овардаро баргардонед! Зеро ба ёдам омад, ки Пайғамбар (с) ба ман чунин гуфта буд: “Эй Оиша! Агар касе барои ту бидуни он, ки талаб карда бошӣ бахшише бидиҳад, онро бигир. Ҷуз ин нест, ки он ризқест, ки Аллоҳ таоло бароят пешкаш кардааст”.
Ин назари дуруст будани гирифтани закот барои ҳамсарони Пайғамбар (с) назари аксари асҳоби киром ва иҷмоъи ҳамаи фуқаҳои аҳли суннат аст. Дар ин мавзӯъ шореҳи “Саҳеҳи Бухорӣ” Ибни Баттол чунин гуфтааст:
“أَنَّ الْفُقَهَاءَ كَافَّةً اتَّفَقُوا عَلَى أَنَّ أَزْوَاجَهُ عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ لاَ يَدْخُلْنَ فِي آلِهِ الَّذِينَ حَرُمَتْ عَلَيْهِمُ الصَّدَقَةُ”. (كذا في الموسوعة الفقهية الكويتية -1/ 100)
“Ҳамоно фуқаҳо иттифоқ бар ин доранд, ки ҳамсарони Пайғамбар (с) дар масъалаи ҳаром будани моли закот дар ҷумлаи бақияи аҳли байт, ки моли закот барояшон ҳаром аст, дохил намебошанд”.
Ҳама анвоъи садақа ё баъзеи он
Дар масъалаи ҳаром будани ҳамаи анвоъи садақаҳо ё баъзеи он барои табақаҳои хос ва хосулхоси аҳли байт ду назар аст:
1-Аз дидгоҳи ҷумҳури фуқаҳо барояшон танҳо садақаҳои фарзӣ ва воҷибӣ, мисли закот, ушр, кафорати қасам ва ғайра ҳаром аст.
2- Аз дидгоҳи баъзе уламо ҳама анвоъи садақаҳо, яъне садақаҳои фарзӣ ва нафлӣ барояшон ҳаром мебошанд. Дар ин мавзӯъ дар “Мавсуъаи фиқҳӣ” чунин омадааст:
“اتَّفَقَ الْفُقَهَاءُ عَلَى عَدَمِ جَوَازِصَدَقَةِ الْفَرِيضَةِ عَلَى آل مُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ .. أَمَّا صَدَقَةُ التَّطَوُّعِ، فَالْجُمْهُورُعَلَى جَوَازِهَا عَلَيْهِمْ.وَالْبَعْضُ يَقُولُونَ:بِعَدَمِ الْجَوَازِ”.(كذا في الموسوعة الفقهية الكويتية -26/ 331)
“Фуқаҳо бар ҷоиз набудани садақаи фарзӣ бар Оли Муҳаммад (с) иттифоқ доранд. Аммо дар мавзӯъи ҷоиз будан ё ҷоиз набудани садақаҳои нафлӣ бар Оли Муҳаммад (с) ихтилофи назар аст. Ҷумҳури фуқаҳо мегӯянд, ки барояшон садақаҳои нафлӣ ҷоиз аст, вале баъзеҳо мегӯянд, ки ҷоиз нест”.
Шореҳи “Канзи дақоиқ” Фахруддини Зайлаъии ҳанафӣ дар “Табйини Ҳақоиқ” чунин гуфтааст:
“وَلَا فَرْقَ بَيْنَ الصَّدَقَةِ الْوَاجِبَةِ وَالتَّطَوُّعِ وَكَذَا الْوَقْفُ لَا يَحِلُّ لَهُمْ وَقَالَ بَعْضُ أَصْحَابِنَا يَحِلُّ لَهُمْ التَّطَوُّعُ “. (كذا في تبيين الحقائق -1/ 303 للزيلعي الحنفي -المتوفى: 743 هـ)
“Дар байни садақоти фарзӣ ва нафлӣ ва инчуни моли вақф ҳеҷ фарқе нест, ҳеҷ кадомаш барои аҳли байт ҳалол намебошанд. Баъзе имомони мо ҳанафиҳо барояшон садақаҳои нафлиро ҷоиз гуфтаанд”.
Аз ҷиҳати чунин ихтилоф ҳангоми пулу мол додан ба афроди аҳли байт авло ин ҳаст, ки атокунанда нияти ҳадя бикунад.
Мавзӯи пурраро инҷо хонед >> Аҳлибайтшиносӣ
Рӯйхати мавзӯҳои Шарҳи Чоркитоб <<
Саволу ҷавоби исломӣ


