Тафсири Сураи Баййинах Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Баййинаҳ Ояти 6
اِنَّ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا مِنۡ اَهۡلِ الۡكِتٰبِ وَ الۡمُشۡرِكِيۡنَ فِىۡ نَارِ جَهَنَّمَ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَا ؕ اُولٰٓٮِٕكَ هُمۡ شَرُّ الۡبَرِيَّةِ ٦
Инна-л-лазӣна кафару мин аҳли-л-китаби ва-л мушрикӣна фӣ нари Ҷаҳаннама холидӣна фӣҳа. Улаика ҳум шарру-л-барийяҳ. 6.
6. Ба дурустӣ, касоне ки аз аҳли Китоб ва мушрикон кофир шуданд, дар оташи Дӯзах ҷовидон бошанд, онҳо бадтарини халқанд.
Хулоса, касоне ки кофир шуданд, Қуръон ва пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад алайҳи саломро дурӯғ шумориданд, ин тоифа, яъне аҳли китоб ва мушрикон, дар нори Ҷаҳаннам абадӣ мемонанд. Он ҷамоаи бадтарини халқи рӯйи заминанд. Аз дуздҳо бадтаранд, зеро онҳо аз “Таврот” ва “Инҷил”, ки китоби осмонӣ буданд, қисмҳоеро, ки сифати Расулуллоҳ (с)-ро баён мекард, дуздиданд. Аз роҳзанҳо бадтаранд, зеро ки сухани ҳаққро аз халқи Худо бо зӯрӣ гирифтанд. Акнун Худованд ҷойу қарордоди он бадбахтонро нори (оташи) Ҷаҳаннам гардонид ва абадан аз он растагорӣ (халосӣ) надоранд. Худованд дар ояти зер ҷою маъвои некбахтонро зикр карда гуфтааст, ки:
Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «