Сураи Баййинаҳ Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Баййинах Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Баййинаҳ Ояти 7

اِنَّ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِۙ اُولٰٓٮِٕكَ هُمۡ خَيۡرُ الۡبَرِيَّةِ ٧

Инна-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-солиҳати улаика ҳум хайру-л-барийяҳ. 7.

7. Ҳаройина, ононе ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, онҳо беҳтарини халқанд.

Бино бар мазмуни ин оят, албатта, онон, ки Аллоҳтаъолоро шинохтанд, ба Ӯ имон оварда Ӯро холисона парастиданд, ҳамчунин ба ҷамиъи Пайғамбарон ва ба ҳамаи китобҳои осмонӣ бовар намуданд ва дар баробари ин амалҳои солеҳи шаръиро анҷом доданд, иншоаллоҳ, беҳтарини халқи рӯйи оламанд. Подоши неки онҳоро ояти зер эзоҳ медиҳад:…


Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Баййинаҳ Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Баййинаҳ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)