Сураи Баййинаҳ Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Баййинах Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Баййинаҳ Ояти 5

وَمَاۤ اُمِرُوۡۤا اِلَّا لِيَعۡبُدُوا اللّٰهَ مُخۡلِصِيۡنَ لَـهُ الدِّيۡنَ ۙ حُنَفَآءَ وَيُقِيۡمُوا الصَّلٰوةَ وَيُؤۡتُوا الزَّكٰوةَ‌ وَذٰلِكَ دِيۡنُ الۡقَيِّمَةِ ٥

Ва ма умиру илла ли яъбудуллоҳа мухлисӣна лаҳу-д-дӣна ҳунафаа ва юқӣму-с салата ва юъту-з-закаҳ. Ва залика дӣну-л-қаййимаҳ. 5.

5. Ва фармуда нашуданд, магар он ки Худоро бипарастанд ва бандагиро барои Ӯ холис кунанд, ба роҳу дини ҳаниф (ҳаққгаро)-ҳо бошанд ва намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд ва ин аст тариқаи дини дуруст.

Онҳо бино ба ҳукмҳои “Таврот” ва “Инҷил” маъмур буданд, ки Худовандро холис ва ба танҳоияш ибодат кунанд, лекин онҳо бошанд, барои фоида ва нафъи худ он китобҳои муқаддасро тағйир дода ба ҷойи парастиши Аллоҳи ягона бузургон ва роҳбарони худро парастиданд. Ҳатто дар ибодаташон онҳоро байни Худо ва худашон восита гирифтанд, ки ин бар хилофи ақидаи яктопарастӣ аст.

Онҳо мебоист аз ин роҳи ботил ва дурӯғ, ки мухолифи тавҳид (яккапарастӣ) аст, бар канор оянд ва хос Худованди ягонаро парастиш кунанд. Монанди ҳазрати Иброҳими халилуллоҳ танҳо ба Ӯ субҳонаҳу ва таъоло банда гарданд. Дар халқ кардани дунё ва охират ба ғайри Худо касеро холиқи мутлақ надонанд. Локин…

Дар давоми оят Ӯ таъоло фармудааст, ки хоссатан намозро дар вақташ бо ҷамии шартҳояш адо кунанд ва барои эҳтиёҷмандон, на бо сустӣ ва табъи хира, балки бо хоҳишу хурсандӣ чун амри Худо закоти молашонро бидиҳанд. Зеро ҳамин аст, дини миллати мустақим ва дини миллати Ислом. Пас барои чӣ имон намеоранд? Агар дар дилашон кинаву ҳасад набошад, бояд, ки имон оранд ва аз китобҳои таҳрифкардаашон даст кашанд. Оятҳои зер аз бозгашту қароргоҳи бадбахтону некбахтон сухан мекунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Баййинаҳ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Баййинаҳ Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)