
Обро ба ягон зарф рехта, бе сарпӯш онро ба яхдон гузоред. Пас аз чанд соат он ба яхпора табдил мешавад.
Он зарфро аз яхдон гирифта ба рӯи миз гузоред; пас аз чанд соат ях аз нав об мешавад.
Баъд он обро ба чойҷӯш рехта онро ба оташдон гузоред. Пас аз муддате об ҷӯшида, бухор мешавад.
Ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ шумо се ҳолати табдилшавии обро мушоҳида мекунед: моеъ, сахт ва газшакл.
Бухоршави чист? Табдилшавии ҷисм аз моеъ ба сахтӣ – сахтшавӣ, аз сахтӣ ба моеъ – гудохташавӣ ва аз моеъ ба газ – бухоршавӣ номида мешавад.


