Аъузу биллаҳи мина-ш-Шайтани-р-раҷим – Тафсири Осонбаён

0

أَعُوذُ بالله من الشيطَان الرجيم

Аъузу биллаҳи мина-ш-Шайтани-р-раҷим

“Паноҳ металабам ба сӯйи Аллоҳ аз шарри шайтон, сифати шайтон, ин аст, ки раҷим аст”

Худованд чун Одам (а)-ро халқ намуд, фариштагонро амр кард, то ӯро саҷда кунанд. Ҳама саҷда карданд, ба ҷуз Шайтон. Чун ӯ фармонбардорӣ накард, пеши Худованд осӣ шуд, сазовори лаънати Ӯ гардид ва аз раҳмати Вай дур гашт. Калимаи “раҷим” маънои рондашударо дорад. Бинобар ин, мо аз ин шайтони лаънаткардашуда ва рондашуда, ки барои васвасаи мо савганд ёд намудааст, ба Худованди мутаъол паноҳ меҷӯем, то ки аз шарри ӯ моро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Худованди меҳрубон дар Қуръони маҷиди худ фармудааст, ки…

“Фа изо қараъта-л-Қур-она фастаъиз биллоҳи мина-ш-Шайтони-р-раҷом”. Яъне ҳар вақто Қуръон хонданӣ шавӣ, аз шарри шайтон ба Худо паноҳ талаб кун.

Ҳеҷ набошад ба таври кӯтоҳ бигӯ, ки аз шарри шайтон ба Худо паноҳ мебарам. Бинобар ин, пеш аз хондани Қуръон аввало “Аъузу биллаҳи минаш-шайтонир раҷим” бояд гуфт.

Зикри “Аъузу билоҳ” барои дафъи зарарҳо ва “Бисмиллоҳ” бошад, барои ҷалби манфиатҳост. Аҳамияти дафъи зарарҳо аз ҷалби манфиатҳо болотар аст. Бинобар ин аввал “Аъузу билоҳ” омадааст, баъд аз он “Бисмиллоҳ” Валлоҳу аълам биссавоб.

Мақолаи қаблӣПешгуфтор – Тафсири Осонбаёни Қуръони Карим
Мақолаи баъдӣБисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим – Тафсири Осонбаён