Суманакпазӣ (Сумалак, Навруз)

0

Суманак навъе аз хӯроки наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин аст. Гандумро дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда, 3 рӯз нигоҳ медоранд.

Пас аз неш заданаш, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоранд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонанд. Рӯзе, ки борон биборад, онро ба берун бароварда зери борон мегузоранд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полида, боз дар хонае, ки каси бегона ба он ҷо надарояд, мегузоранд. Вақте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеҷ кас онро набинад, зеро ки пай меафтад, яъне чашм мерасад.

суманак, сумалак в таджикистане

Ё худ дар вақти пухтан кӯшиш мекунанд, ки ягон каси нопок ба сари дег наояд, зеро “пай” меғалтад ва суманак дар дег парак-парак садо мебарораду аз дег зарраҳои суманак берун мепаранд, ки рафта-рафта маҳсули дег кам мешавад. Дар гузаштаҳо одамон дар ин гуна ҳолат мегуфтанд, ки суманак дар дег намеистад, пай ғалтидааст, чашми кадом одами нопок расидааст. Ақидаи дигаре ҳам буд, ки ҳар касе аз дӯстон ё ҳамсоягон, агар дар вақти пухтан ба назди деги суманак биёяд, бояд то пухтани суманак, яъне то ба саҳар ҳамроҳи пазандаҳо бошад. Дар гузаштаҳо омадану рафтан иҷозат набуд.

Ҳоло дар рӯзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар зани ҳамсоя бо машварат дар хонаи якеашон ҷамъ мешаванд. Бегоҳирӯзӣ сабзаҳои порашударо ба дег меандозанд, то чашми бегона набинад. Баъд ба таги дег оташ меафрӯзанд, бонавбат дегро бо кафча ё кафгир мекобанд. Пештар дар дег ҳафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро дошт.

Занҳои суманакпаз дар сари дег ва дар назди алав нишаста, афсонагӯйӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекунанд.

суманак, суманакпази

Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешавад, мардумро даъват мекунанд, рақсу бозӣ авҷ мегирад, духтарон арғунчаксаворӣ ва бачаҳо гӯштигирӣ мекунанд. Занону духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхӣ мекунанд, зеро ақидае ҳаст, ки соли навро агар бо хурсандию шодмонӣ пешвоз бигирӣ, ҳамон сол зиндагӣ пурра ба хуррамию шодӣ хоҳад гузашт.

Суруди маъруфи занҳои суманакпазро, ки ҳангоми пухтани ин ғизои рамзии Наврӯз бо дойранавозӣ ба тариқи умумӣ хонда мешавад, ин аст:

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Суманак бӯйи баҳор аст,
Суманак авҷи барор аст,
Меваи шабзиндадор аст,
Иди Наврӯзӣ муборак!

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Суманак ширини ёр аст,
Суманак аҷаб нигор аст,
Суманак зеби баҳор аст,
Иди Наврӯзӣ муборак!

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.


Суманакпази (Сумалак, Навруз), Суруди занхои суманакпаз, Суманак дар чуш, мо кафча занем, шеъри суманак, шеъри суманак дар чуш, шеър дар бораи суманак, маълумот дар бораи суманак, сумалак, сумалакпази

Мақолаи қаблӣҚиссаи модари Томас Эдисон, ки дили ҳамагонро тасхир кард
Мақолаи баъдӣНияти руза гирифтан ва нияти ифтор