Фактхои чолиб дар бораи одам

0

Фактхои чолиб дар бораи инсон аз сомонаи Donish su


Олимон ҳадс мезананд, ки ғунҷоиши хотираи инсон 4 терабайтро ташкил медиҳад.


Косахонаи сари мо аз 29 устухон таркиб ёфтааст.


Импулсҳои асаб тақрибан бо суръати 270 км/соат ҳаракат мекунанд.


Дили зан нисбат ба дили мард тезтар метапад.


Инсон тақрибан 90%-и хобҳои дидаашро аз хотир мебарорад.


Дандонҳо ягона қисмати организми инсонанд, ки хусусияти барқароршавӣ надоранд.


Ба ҳисоби миёна барои хоб кардани инсон 7 дақиқа зарур аст.


Занҳо нисбат ба мардон тақрибан 2 маротиба бештар мижжа мепаронанд.


Мушаки аз ҳама пурқуввати бадани инсон ин забон аст.


Инсон ҳангоми табассум кардан аз 17 ва ҳангоми ғазабнок гардидан аз 43 мушак истифода мекунад.


Инсон ягона мавҷудотест, ки ба пушт хоб мекунад.


Дар бадани одам на камтар аз 700 фермент кор мекунад.


80 дарсади гармии бадани инсон аз сар мебарояд.


Вақте ки шумо сурх мешавед, меъдаатон низ сурх мешавад.


Дар охири умр инсон тахминан 150 миллион бит маълумотро ба хотир мегирад.


Дар айёми 4 – солагӣ кӯдак дар як рӯз қариб 450 савол медиҳад.


Рӯдаи борики одам замони зинда буданаш 2,5 метр дарозӣ дорад. Баъди маргаш, ки мушакбандии деворҳои рӯда суст мешавад, он ба 6 метр мерасад.


Вазни умумии бактерияҳое, ки дар организми одам зиндагӣ мекунанд, 2 килограммро ташкил медиҳанд.

Чанд донистании муҳим дар бораи чашм

Мақолаи қаблӣКаме аҷоибот дар бораи Арабистон
Мақолаи баъдӣФактҳо дар бораи чашм

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед